Генератори бухор
Генератори бухор (генератори буғ) — дастгоҳ ё таҷҳизот барои ҳосил кардани бухори оби фишораш аз фишори атмосферӣ баланд.
Пештар дегҳои буғиро низ генератори бухор меномиданд, вале баъди пайдо шудани неругоҳҳои барқи ҳастаӣ истилоҳи «генератори бухор» барои он буғофарон (буғҳосилкунандаҳо)-е истифода мешавад, ки ба тавассути гармибар (ноқили гармӣ)-и реактори ҳастаӣ гарм шуда, барои ҳосил кардани буғи такрории ба турбина дохилшаванда корбаст мегарданд. Дар баъзе соҳаҳои илм дегҳои электрӣ ва партовсӯзро низ генератори бухор меноманд. генератори бухор дар неругоҳҳои барқи ҳастаии ду ва сеғилофадор истифода мешаванд. Дар неругоҳи ҳастаии якғилофадор худи реактори ҳастаӣ чун генератори бухор амал мекунад. Генератори бухор аз экономайзер, бухорофар, бухоргармкунак, бухоргармкунаки мобайнӣ иборат аст. Дар генератори бухор ба сифати гармибар аз об, филиззоти моеъ (нитрати моеъ), газ ва ғ. истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генератори бухор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.