Генератори магнитоҳидродинамикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
МГД-генератори Майкл Фарадей бо электродҳои сегментиронидашуда (ё электродҳои тақсимшуда):
entry — сарохи баромад барои таъмини танаи корӣ (Плазма);
acceleration nozzle — сопло барои баланд бардоштани суръати танаи корӣ;;
solenoids — соленоидҳо барои сохтани Майдони магнитӣ;
segmented electrodes — электродҳо, ба сегментҳо тақсим шуда барои паст кардани Эффекти Холл;
output — сурохи барои баровардани моеъи корӣ;
хати сурх — самти ҳаракати заррачаҳои мусбатзаряд;
хати кабуд — самти ҳаракати заррачаҳои манфизаряд;
B — индуксияи магнитӣ;
I — токи электрикӣ;
v — суръати танаи корӣ

Генератори магнитоҳидродинамикӣ — дастгоҳи энергетикӣ барои бевосита ба энергияи электрӣ табдил додани энергияи ҷисми кори (муҳити ҷараёнгузари моеъ ё газмонанд)-е, ки дар майдони магнитӣ ҳаракат мекунад.

Дастгоҳи мазкурро аз он сабаб генератори магнитоҳидродинамикӣ меноманд, ки ҳаракати муҳити ҷараёнгузаронандаро ҳидродинамикаи магнитӣ муайян мекунад. Гази ҷараёнгузаронанда (маҳсули сӯзиши сӯзишвории маъданӣ, газҳои инертӣ бо иловаи филиззоти ишқорӣ, бухори филиззоти ишқорӣ ва омехтаҳои онҳо ва ғайра), филиззоти моеъ ва электролитҳо ҷисмҳои кории генератори магнитоҳидродинамикӣ мебошанд. Генератори магнитоҳидродинамикӣ аз канали ҷисми корӣ (одатан плазма), силсилаи электромагнитӣ ва электродҳо (барои интиқоли энергияи электрӣ) иборат аст. Дар генератори магнитоҳидродинамикӣ, одатан, газро истифода мебаранд. Газ дар натиҷаи то 2500—2700 К гарм кардан ба электрон ва ионҳои мусбат (раванди ионизатсия) таҷзия шуда, ба плазма мубаддал мегардад ва қобилияти ҷараёнгузаронӣ пайдо мекунад. Ҳангоми дар канал нисбат ба майдони магнитӣ (онро силсилаи электромагнитӣ ҳосил мекунад) ба таври тарвоза ҳаракат кардани плазма дар он ду сели ба ҳам муқобилсамти ҳомилони барқаҳои мусбат ва манфӣ пайдо мешаванд, ки ба тавассути электродҳои дахлдор ба занҷири электрии беруна ва бор интиқол меёбанд. Генераторҳои МҲД то 500—1000 мВт иқтидор доранд. Генератори магнитоҳидродинамикӣ ҳам алоҳида ва ҳам якҷо бо дастгоҳи буғии турбинӣ кор мекунад. Генератори магнитоҳидродинамикии нахустини таҷрибавии иқтидораш 11,5 кВт соли 1959 дар ИМА ва нимаи аввали соли 1960 дар ҳамон ҷо генератори магнитоҳидродинамикии иқтидораш 32 мВт сохта шуда буд. Солҳои 70 садаи XX аввалин неругоҳҳои барқии намунавӣ сохта шуданд. Дар ИҶШС генератори магнитоҳидродинамикии нахустини иқтидораш 200 кВт соли 1964 сохта шуда, соли 1971 дастгоҳи энергетикии таҷрибавию саноатии дорои генератори магнитоҳидродинамикӣ-и иқтидораш 20-25 мВт ба кор даромадааст.

Тақсимоти мусбат (q>0) ва манфӣ (q<0) зарраҳои заряднок дар зери майдони магнитӣ B.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Генератори магнитоҳидродинамикӣ / Я. Ш. Самарқандӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.