Jump to content

Генератори электростатикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Генератори электростатикӣ

Генератори электростатикӣ — абзор барои ҳосил кардани барқаҳои (зарядҳои) электрӣ.

Барқа дар генератори электростатикӣ ҳангоми ба энергияи майдони электрӣ табдил ёфтани энергияи механикӣ ҳосил мешавад. Асоси сохти генератори электростатикиро ҳодисаҳои электростатикӣ ташкил медиҳанд. генератори электростатикӣ дар асоси ҳодисаи электрнокшавии ҷисмҳо бо соиш ва ҳодисаи индуксияи электростатикӣ амал мекунад. Ду намуди генератори электростатикӣ мавҷуд аст: генератори дорои интиқолдиҳандаи диэлектрикии шаклаш тасмагӣ (генератори Ван де Грааф) ва генератори дорои интиқолдиҳандаи сахти иборат аз устувона ё қурс (генератори электростатикии роторӣ). Барқаҳои электриро ба сатҳи интиқолдиҳандаи мутаҳаррик таҷҳизоти барқаовар медиҳад, ки аз маҷмӯи сӯзанҳо ва электроди ҳамвор иборат аст. Сипас барқаҳо ба электроди баландшиддати дарунхолӣ интиқол ёфта, дар он ҷо онҳоро таҷҳизоти дигари барқгир ҷудо карда мегирад ва ба ҷояшон ба сатҳи интиқолдиҳандаи аввала барқаҳои муқобилаломат меоянд, ки онҳоро таҷҳизоти аввалӣ ҷудо мекунад. Дар натиҷаи ҳаракати барқаҳои электрӣ шиддати доимии баланд ҳосил мешавад. генератори электростатикии навъи пеллетрон ва ладдетрон сохта шудаанд, ки шиддати доимии хеле баланд (15-20 МВ) ҳосил мекунанд. генератори электростатикиҳо, асосан, дар суръатфизоҳои баландшиддати зарраҳои барқанок ва техникаи баландшиддати сустҷараён истифода мешаванд.

  • Генератори электростатикӣ / Л. Тӯйчиев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.