Геногеография

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Геногеографияилме, ки дар радифи илмҳои офаринишшиносӣ ва биогеография қарор дорад.

Геногеографияро солҳои 1928–29 акад. А. С. Серебровский роҳандозӣ кардааст. Вазифаи асосии Г. муайян кардани густариши ҷуғрофиёӣ ва басомади аллелҳо, ки аломату хусусияти намудҳоро дар маҳалли зисти онҳо муқаррар мекунад, иборат аст. Геногеография сабабҳои паҳншавии аллелҳоро низ муайян менамояд. Пажӯҳишҳои геногеографӣ фақат дар намудҳое имконпазир аст, ки агар ҳангоми таҷрибаҳои генетикӣ робитаи байни аломату генҳо ошкор шуда бошад. Геногеография асоси назариявии пажӯҳишҳо оид ба таснифот ва таҳаввулоти намудҳо буда, барои муқаррар намудани генофонди ҳайвоноти хонагӣ ва рустаниҳои мазрӯъ, инчунин генетикаи одам, муҳим аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]