Геном

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геном (англ. genome; аз юн. genos — ҷинс, пайдоиш) — дастаи хромосомаҳои гаплоидӣ; маҷмӯи генҳое, ки дар дастаи яккаи хромосомаҳои андомгон ҷой гирифтаанд.

Истилоҳи геномро соли 1920 биологи олмонӣ геном Винклер ба илм ворид намудааст. Дар гаметаи андомгони диплоидӣ ва дар ҳуҷайраи андомгони гаплоидӣ як, дар ҳуҷайраи ҷисмии организмҳои диплоидӣ бошад, ду адад геном мавҷуд аст. Баробари афзудани дараҷаи такрори дастаи хромосомаҳо дар ядрои ҳуҷайра адади геномҳо низ зиёд мешавад. Ҳангоми бордоршавӣ геномҳои гаметаи падарӣ ва модарӣ сарҷамъ меоянд. Геномҳое, ки аз гаметаҳои падарӣ ва модарӣ ҳосил шудаанд, ба ҳамдигар шабеҳ (гомологӣ) мебошанд. Дар дурагаҳои дур байни геномҳо шабоҳат (гомология) вуҷуд надорад. Таносуби ҷойгирии хаттии генҳоро дар ҳар як хромосома гомологияи мутлақи ду геном меноманд. Ин гуна мувофиқат боиси конъюгатсияи мусоиди хромосомаҳо дар давраи мейоз мешавад. Тағйири адади хромосомаҳо (мас., полиплоиднӣ, афзоиш ё коҳиши шумораи хромосомаҳои ҷудогона) мутатсияи геномӣ ном дорад. Андомгоне, ки дар он ҳамон як геном борҳо такрор меёбад, автополиплоид ва андомгоне, ки дар он геномҳои гуногун муттаҳид гаштаанд, аллополиплоид номида мешавад. Мисоли аллополиплоидҳо гандум аст. Миқдори хромосомаҳои гаплоидӣ дар гандуми сахт — 14, мулоим — 21, якачин — 7 мебошад. Бо роҳи дурагакунӣ ва таҳқиқи конъюгатсияи хромосомаҳо дар давраи мейоз маълум гашт, ки як геноми иборат аз 7 хромосома дар ҳама навъи гандум дучор меояд (геноми А); дар гандумҳои сахт ва мулоим ду геноми умумии ҳар яке иборат аз 7 хромосома (А, В) вуҷуд дорад. Дар гандуми мулоим геноми махсуси D низ мавҷуд аст, ки 7 хромосомаро дар бар мегирад. Ҳамин тавр, формулаи геноми гандуми яккачин — АА, гандуми сахт — ААВВ, гандуми мулоим, ки дар ҷараёни таҳаввулот бо роҳи дурагакунии се навъи гуногуни хӯшадорҳои худрӯй ва дучандсозии адади хромосомаҳои дурагаҳо пайдо шудааст, ААВВDD мебошад. геном дар рӯёндани навъҳои гуногуни меваю сабзавот истифода мегардад. Нигар низ Рамзи генетикӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тарантул В. З. Геном человека. Энциклопедия написанная четырьмя буквами. М., 2003;
  • Ридли Мэтт. Геном: автобиография вида в 23 главах. М., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]