Заминвора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Геоид)

Заминвора (форсӣ: زمین‌واره‎), гео́ид (аз юн.-қад. γῆ — Замин ва юн.-қад. εἶδος — намуд, шакл) — сатҳи барҷастаи маҳдудест, ки ба сатҳи миёнаи оби баҳру уқёнус дар ҳолати оромӣ мувофиқ меояд.

Самти заминвора ба қувваи вазнинӣ амудӣ буда, сатҳи он яке аз сатҳҳои мувозии потенсиали қувваи вазнинӣ маҳсуб мешавад. Заминвора дар илми геодезия мафҳуми муҳим буда, дар натиҷаи зиёд шудани маълумот дар бораи шакли Замин ба миён омадааст. Онро математики олмонӣ И. Листинг (1873) барои тасвири шакли геометрие, ки шакли Заминро нисбат ба эллипсоиди чархзанӣ саҳеҳтар инъикос мекунад, пешниҳод намудааст. заминвора сатҳест, ки аз он баландӣ аз сатҳи баҳр ҳисоб карда мешавад, яъне, баландии маҳалро ҳисоб мекунанд. Азбаски тақсимоти массаҳо ва зичии дохили Заминро бо формулаи математикӣ дақиқ ифода кардан ғайриимкон аст, бештар ба ҷойи заминвора мафҳуми ба он наздики квазигеоидро истифода мебаранд. Квазигеоид — сатҳи ибтидои ҳисобкунии баландиҳои табиӣ буда, аз рӯйи андозагириҳои рӯйизаминӣ муайян карда мешавад. Он дар баҳру уқёнусҳо ба заминвора мувофиқ омада, дар хушкӣ ба он наздик мешавад, вале дар водиҳо якчанд см ва дар кӯҳҳо то 2 м тамоюл дорад. Дар Тоҷикистон заминвора аз нуқтаи сифрии футшток (савиясанҷ дар шакли ҷадвал, ки дар нуқтаи обченкунӣ гузошта мешавад)-и Кронштадт мегузарад, ки ба сатҳи миёнаи баҳри Балтик мувофиқат мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Пантелеев В. Л. Теория фигуры Земли. М., 2000.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]