Антарктида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Антарктида
Территория14 107 000 км²
Население5000 (временное) чел.
Плотность0 чел./км²
Включает0 государств
Языкинет 
Часовые поясавсе 
Интернет-домены.aq 
Крупнейшие города неформальной столицей является станция Мак-Мердо 
Парвандаҳо дар Викианбор

Антаркти́да (юн. ἀνταρκτικήқитъа, материк дар қисми марказии Антарктика.

Қариб пурра дар доираи Қутби Ҷанубӣ воқеъ буда, фақат қисми шимолии нимҷазира Антарктида ва баъзе минтақаҳои канории Антарктидаи Шарқӣ аз ин доира берунанд. Антарктида нисбат ба Қутби Ҷанубӣ ғайрисимметрӣ хобидааст. Антарктида аз ҷиҳати географӣ ба ду қисм тақсим мешавад: Антарктидаи Шарқӣ ва Антарктидаи Ғарбӣ. Антарктидаи Ғарбӣ дар шакли нимҷаз. камбари дароз ба самти Шимол тӯл кашидааст. Нуқтаи шимолтарини Антарктида (димоғаи Сифре дар нимҷазираи Антарктида) то 63°13 арзи ҷанубӣ расида, аз қитъаи наздиктарин — Америкаи Ҷанубӣ дар масофаи 1200 км воқеъ гардидааст. Атрофи Антарктидаро уқёнусҳои Атлантик, Ором ва Ҳинд (бо 11 баҳр) иҳота кардаанд; канораҳои ба Антарктида наздики онҳоро Уқёнуси Ҷанубӣ меноманд. Масоҳати Антарктида 14 млн км2 (1,6 млн км2-и он аз пирях ва ҷазираҳои шелфӣ иборат аст; ин ҷазираҳоро пиряхҳо ба материк пайвастаанд). Баландии миёнаи Антарктида 2300 м аст ва аз ин рӯ он баландтарин қитъаи олам ҳисоб мешавад.

Сохти геологӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди материк (Антарктидаи Шарқӣ)-ро платформаи токембрийи Антарктида ташкил медиҳад, ки онро кӯҳҳои нисбатан ҷавон иҳота кардаанд. Қабати поёниаш аз гнейсҳои протерозой ва архей, варақсангҳои кристаллӣ, магматит ва гранитоид иборат аст. Дар ин қабат ҷинсҳои кристаллии қадимтарини қишри замин кашф шудаанд, ки синнашонро 4 млрд сол муқаррар кардаанд. Қабати мобайнии платформа аз таҳнишастҳои давраи протерозой — оҳаксанг, регсанг ва конгломерат; қабати болоӣ аз америт, варақсангҳои лойдори давраи палеозой ва мезозой (давраҳои аввали яхбандии Антарктида — 300 ва 150 млн сол пеш) иборат аст. Ин қабат боқимондаҳои наботот (аз ҷумла чӯб) ва ҳайвоноти баҳрӣ дорад, ки дар ин ҷо то давраи чорумин, яъне то ба вуҷуд омадани «сипар»-и яклухти яхбандии антарктикӣ мавҷуд будаанд. Платформаи Антарктида иборат аз системаи мураккаби тарқишҳои қишри замин буда, ягона вулқони фаъоли қитъа — Эребус ба он мансуб аст. Ҳудуди Антарктидаи Ғарбиро минтақаи чиндори андӣ ишғол кардааст. Дар Антарктида конҳои ангишт, нефт, оҳан, мис, тило, сурб, руҳ, графит ва минералҳои берилл, булӯри кӯҳӣ ошкор гардидаанд, вале онҳоро бо сабабҳои иқтисодию сиёсӣ истихроҷ намекунанд (мувофиқи Аҳднома оид ба Антарктика тамоми фаъолияти ба захираҳои табиӣ равонашуда, ғайр аз таҳқиқоти илмӣ, манъ аст).

Релйеф[вироиш | вироиши манбаъ]

Антарктида аз материкҳои дигар бо яхбандии ғафс фарқ мекунад. Фақат наздики 1 фоизи ҳудуди Антарктида яхпӯш нест, он мавзеъҳои холиро «воҳаҳои антарктикӣ» меноманд ва онҳо минтақаҳои бузурги аз даҳҳо то садҳо км2-ро фаро мегиранд; қуллаҳои ҷудогона, қаторкӯҳҳо ва қитъаҳои на он қадар калони хушкиҳои назди соҳил (воҳаҳои Антарктида) аз он ҷумлаанд. Дар Антарктида ғафсии қабати ях ба ҳисоби миёна 1720 м, ҷойи ғафстаринаш то 5000 м, ҳаҷми умумии ях 24 млн км3 аст. Қабати ғафстарини ях дар пастхамиҳои материк вомехӯрад ва умқи чунин пастхамиҳо аз 1,5 км бештар аст. Релйефи хушкии зери яхи Антарктида, ки дар давраи неоген шакл гирифтааст, 410 м баландии миёнаи мутлақ дошта, баъзе қисмаш (ҳамвориҳои Шмидт ва Восточная — Шарқӣ) аз сатҳи уқёнус паст ва баъзеи дигар (ҳамвориҳои Бэрд ва Западная — Ғарбӣ) аз ин сатҳ баланд мебошанд. Шакли релйефи Антарктида такрори маҳзи хушкии он аст, яъне замини Антарктида дар вақти холигиаш чӣ шакл дошт, ҳоло яхбастагиҳояш ҳамон шаклро доранд. Системаи кӯҳии бузургтарини қитъа — кӯҳҳои Трансантарктика (дарозиаш то 4 ҳазор км, баландии миёнааш то 3000 м) Антарктидаи Шарқиро аз Антарктидаи Ғарбӣ ҷудо мекунад. Он аз қаторкӯҳҳои Пенсакола, Хорлик, Терон, Куин-Мод (Маликаи Мӯд), Куин-Александра ва ғайра иборат мебошад. Массиви Винсон дар кӯҳҳои Элсуорт нуқтаи баландтарини Антарктида (5140 м) аст. Дар қисми марказии Антарктида кӯҳҳои Гамбутсев ҷойгиранд. Соҳилҳои Антарктидаи Шарқиро кӯҳҳои Вернадский, Шукин, Принс-Чарлз, Голитсин ва Юсарп иҳота кардаанд. Антарктидаи Шарқиро «сипар»-и бузурги гунбазшакли пиряхӣ (баландиаш то 4000 м) ва Антарктидаи Ғарбиро ду «гунбаз»-и пиряхӣ бо баландии мутлақи 2000 м ишғол намудаанд. Сатҳи яхпӯши Антарктида тарқишҳои бисёр дорад, ки боиси канда шудани пиряхҳо мегарданд. Дар ҷойҳои релйефаш мураккаб яхҳои кӯчии аз ноҳияҳои марказӣ ба уқёнус ҳаракаткунанда ғарам шуда, пиряхҳои камбари «роҳкушо»-ро ташкил медиҳанд (масалан, пиряхи Ламберт, дарозиаш беш аз 500 км), ки ба тавассути онҳо яхҳои кӯчида бемамониат ба уқёнус мефароянд. Пиряхҳо — яхпораҳои мусаттаҳи шинокунанда (ғафсиашон то 800 м) баъзан ба канори ҷазираҳо ё баландиҳои зериобӣ такя зада, қарор мегиранд. Бузургтарини онҳо пиряхҳои Росс, Ронне, Георги IV, Ларсен, Гетс, Рисер-Ларсен, Эймери, Филхнер мебошанд.

Иқлим, обҳои дохилӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлими Антарктидаро минтақаҳои наздиқутбӣ, баландиҳои бузурги мутлақ, яхбандии доимӣ ва хусусияти уқёнуси атрофи он муайян мекунанд. Тавозуни солонаи радиатсионии Антарктида манфӣ аст. Танҳо дар ҳудуди воҳаҳои антарктикӣ тавозуни радиатсионии сатҳи замин мусбат мебошад: тобистон сахраҳо то +30°С ва ҳавои наздик ба Замин то +11°С ва бештар гарм мешавад. Дар давраи шаби қутбӣ анбӯҳи ҳавои дар болои уқёнусҳо ташаккулёфта барои Антарктида ягона манбаи гармӣ мебошад. Лекин аз ҳисоби шуоъафкании дарозмавҷ ноҳияҳои марказии Антарктида дар фасли зимистон энергияро нисбат ба он ки мегиранд, бештар харҷ мекунанд ва ин сабабгори доимо сард будани ҳавои Антарктида аст. Иқлими Антарктида ба 3 минтақаи калон тақсим мешавад: минтақаҳои баландкӯҳи дохили материк, нишебиҳои пиряхӣ ва минтақаҳои назди соҳил. Минтақаи дохили материк сатҳи марказии пуштакӯҳи пиряхии Антарктидаро, ки аз 3000 м баландтар воқеъ аст, дар бар мегирад. Дар ин ҷо ҳарорати пасттарини кураи Замин, ҳавои софи ҳамешагӣ ва бодҳои суст ҳукмфармоянд. Ҳарорати миёнаи солона −57°С, ҳарорати пасттарин −89,2°С (июли 1983 дар пойгоҳи автоматии «Восток» ба қайд гирифта шудааст) мебошад. Дар ин ҷо миқдори бориши солона аз 50 мм зиёд нест ва ин бориш дар шакли қирав, сутунчаҳои яхӣ ё яхи сӯзаншакл зоҳир мешаванд. Антисик- лони антарктикӣ ҳамеша дар иҳотаи сиклонҳои дигар буда, аз Ғарб ба Шарқ ҳаракат мекунад. Баъзан ин сиклонҳо ба минтақаҳои дохили материк ворид шуда, тундбоду бӯрон (суръати бод 50 м/с), барфрезиҳои шадид ба вуҷуд меоваранд. Дар ин минтақаҳо миқдори бориши солона ба 300—700 ва дар қисми шим. ғарбии нимҷаз. Антарктида то 1000 мм мерасад. Минтақаи нишебиҳои пиряхӣ аз дохили материк ба Шимол паҳн шуда, ҳарорати миёнаи солонаи он — 20 — 50°С мебошад. Дар ин ҷо ҳарорати пасти муттасил, бодҳои шадиди доимӣ ва бӯронҳо, ки аз дохили материк мевазанд, ҳукмронанд. Минтақаи назди соҳил Антарктидаро дар шакли мавзеи борик иҳота кардааст: ҳарорати миёнаи солонаи ин ҷо нисбатан баландтар (-10° −20°С) буда, дар қисми зиёди соҳилҳо зуд-зуд тӯфону бӯрон ба амал меоянд. Захираҳои асосии оби Антарктида дар яхи он (24 млн км3) аст. Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки дар сурати об шудани ин яхҳо, сатҳи Уқёнуси Олам 60 м боло меравад. Ҳаҷми яхҳоро бориши атмосферӣ (дар як сол 2200 км3) пурра карда меистанд. Дар аксар минтақаҳои Антарктидаи Шарқӣ афзун гардидани массаи ях мушоҳида мешавад. Дар канораҳои Антарктида бошад, баръакс, камшавии ях ба назар мерасад, чунки яхпораҳо дар шакли айсбергҳо канда шуда ба уқёнус мераванд ва барф соле 200—250 мм бухор мешавад. Суръати ҳаракати яхпораҳо дар ин ҷо дар як сол 20 — 100 м ва дар пиряхҳои кӯчӣ то 1500 м мебошад. Дар тобистон обшавии рӯи ях ва зери он бештар дар канораҳои қитъа мушоҳида мешавад. Дар воҳаҳо яхҳои обшуда бо ҷӯй ва наҳрҳо равон мешаванд ва ба кӯлҳои кӯҳӣ (дар баландии то 1000 м, масалан, Замини Маликаи Мӯд ва Замини Виктория) мерезанд. Тадқиқоти солҳои охир зиёда аз 70 кӯли бузурги зери «сипар»-и қисми марказии Антарктидаро кашф кардаанд: калонтаринашон кӯли Восток — Шарқ (дарозиаш 220 км, бараш 70 км) мебошад. Ин кӯлҳо, ки дар зарфи 500 ҳазор сол атмосфераро надидаанд, бояд дар худ нодиртарин маълумотро оид ба шароити иқлими гузаштаи дури ин қитъа дошта бошанд. Хоки воҳаҳо ва мавзеъҳои назди соҳил моддаҳои органикии хеле кам дошта, ба хоки биёбонҳои баландкӯҳ монанд аст ва дар баъзе ҷойҳо то чуқурии 100 м ях мебандад.

Олами наботот[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами набототи Антарктидаро ушна, гулсанг, обсабзҳо, замбӯруғҳо ва ғайра ташкил медиҳанд. Олами ҳайвоноташ низ хеле камбағалу якранг аст. Дар ин ҷо ҳашароти қанотдор, ширхорҳои хушкигард ва моҳиҳои обҳои ширин вонамехӯранд, танҳо якчанд намуди буғумпойҳо ва бактерияҳо дучор меоянд. Аз парандагон асосан пингвин, мурғи тӯфон, моҳихӯраки шимолӣ ва белпойҳо бисёранд. Антарктида аҳолии муқимӣ надорад. Дар қитъа ва ҷазираҳои наздисоҳилии он 45 маркази тадқиқотӣ ва пойгоҳҳои давлатҳои гуногун ҷойгиранд. Дар баъзе пойгоҳҳо шаҳракҳои барои зисти дарозмуддат ҷиҳозонида ҳастанд.

Кашфи қитъа[вироиш | вироиши манбаъ]

Экспедитсияи баҳрнавардони рус (1819 — 1921) бо роҳбарии Ф. Ф. Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев, ки Антарктидаро январи 1920 кашф намуд, дар бораи мавҷудияти хушкии даруни доираи Қутби Ҷанубӣ маълумоти аввалин дод. Аз ин пеш вуҷуд доштани қитъаи (материки) ҷанубиро (лотинӣ Terra Australis) тахмин мекарданд ва аксаран онро бо Америкаи Ҷанубӣ (масалан, дар харитаи соли 1513 тартибдодаи Пири-Реис) ва ё Австралия (номи лотиниаш далолат мекунад) якҷо медонистанд. Ҳамин экспедитсия вуҷуд доштани қитъаи шашуми оламро тасдиқ кард. Ибтидои садаи XX тадқиқотчиёни Қутб — англисҳо Р. Скотт (1901 — 1904, 1910 — 1912) ва Э. Шелтон (1907 — 1909), норвегӣ Р. Амундсен (1910 — 1912) аввалин шуда ба Қутби Ҷанубӣ расиданд; австралиягӣ Д. Моусон (1911 — 14) ва дигарон ба ноҳияҳои дохили материк сафарҳо карданд. Аз соли 1928 омӯзиши Антарктида бо ёрии самолётҳо оғоз ёфт; америкоӣ Ҷ. Уилкинс (1928 — 1930), англис Л. Элсуорт (1935, 1938 — 1939), америкоӣ Р. Бэрд (1929 — 1931, 1933 — 1935, 1939 — 1941, 1946 — 1947) дар ин бобат ташаббус нишон доданд. Тадқиқоти нави Антарктида дар давраи сеюмини Соли байналхалқии геофизикӣ (1957 — 58) вусъат ёфт. Дар ин муддат доир ба омӯхтани Антарктида корҳои бузурге анҷом дода шуда, пойгоҳҳои махсуси илмӣ таъсис ёфтанд. Дар омӯзиши Антарктида саҳми экспедитсияҳои антарктикии советӣ бузург аст. Сеяки соҳилҳои Антарктидаро олимони советӣ тадқиқ карда, бештар аз 200 объекти номаълумро дар харитаи қитъа қайд намуданд.Иттифоқи Советӣ то миёнаи солҳои 80 садаи XX дар омӯзиши Қутби Ҷанубӣ мавқеи назаррас дошт ва ҳоло Федератсияи Русия ин мавқеъро аз даст надодааст. Айни ҳол азхудкунии Антарктида дар баробари азхудкунии кайҳон масъалаи аввалиндараҷа дар арсаи ҷаҳон гардидааст.

Экспедитсияи аввалини Тоҷикистон ба Антарктида[вироиш | вироиши манбаъ]

Экспедитсияи аввалин ва расмии Тоҷикистон ба Антарктида (дар ҳайати экспедитсияи илмию тадқиқотии Русия) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 587 аз 30 ноябри 2007) аз 29 октябри 2008 то 24 майи 2009 дар шахси профессор Абдулҳамид Қаюмов сурат гирифтааст. Дар бахши иқлимшиносӣ ин муҳаққиқи тоҷик якҷоя бо мутахассисони Институти Арктика ва Антарктикаи Агентии метеорологияи назди Вазорати ҳифзӣ табиати Русия дар омӯзиши мавзӯи глобалии тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити атроф, ба пиряхҳо ва мутобиқшавии инсон ба ин тағйирот машғул шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Натиҷаи ин тадқиқот чун модели дақиқи омӯзиши тағйирёбии иқлим эътироф шудааст ва чунин омӯзиш дар шароити лабораторӣ имкон надорад. Дастовардҳои ин экспедитсия ба шароити иқлими Тоҷикистон, пиряхҳо ва мавзеъҳои яхбастагии доимии он татбиқ хоҳад шуд. Дар қитъаи шашуми олам партавфишон будани Парчами давлатии Тоҷикистон боиси ифтихор аст ва аҳамияти бузурги сиёсӣ дорад. Оид ба таърихи тадқиқоти Антарктида ва низоми байналмилалию ҳуқуқии Антарктида нигар низ Антарктика.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Трешников А. Ф., История открытия, исследования Антарктиды, М., 1963;
  • География Антарктиды, М., 1968; Новая Российская Энциклопедия, М., 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Қитъаҳо


Аврупо

Африқо

Амрико

Антарктида

Осиё

Уқёнусия