Геоиконика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геоиконика, (аз гео… ва юн. eikon — тасвир) — соҳаи илмест, ки назарияи умумии геотасвирҳо, усулҳои таҳлил, табодул ва истифодаи онҳоро дар фаъолияти илмиву амалӣ таҳия менамояд.

Геоиконика дастовардҳои соҳаи картография (харитасозӣ), мушоҳидаву таҳқиқоти масофавӣ (фосилавӣ) ва геоиттилоотро дар таҳқиқи тасвирҳо муттаҳид месозад. Геоиконика бо иконика (соҳаи иттилоотӣ, ки хосиятҳои умумии тасвиротро меомӯзад, инчунин техникаи истифодаи мошинҳои электронии ҳисоббарор барои коркарди тасвир), графикаи компютерӣ, назарияи шинохт (дарёфт)-и тимсолҳо ва дигар соҳаҳои илм, ки масъалаҳои умдаи тасвирҳои графикиро меомӯзанд, алоқаманд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]