Заминшимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Геокимиё)

Заминшимӣ, геокимиё, геохимия (аз юн.-қад. γῆ «Замин» + химия) — илм дар бораи таркиби кимиёии Замин ва сайёраҳо, қонунмандиҳои густаришу гардиши унсурҳо дар муҳити гуногуни геологӣ, инчунин раванди ташаккули ҷинсҳои кӯҳӣ ва обҳо.

Геокимиё бо заминшиносӣ, кимиё, физика ва биология робитаи зич дорад. Геокимиё ба соҳаҳои гуногун ҷудо мешавад, мас., геокимиёи умумӣ, биогеокимиё, гидрогеокимиё, газогеокимиё ва радиокимиё. Масъалаҳои асосии геокимиё: муайян кардани густариши унсурҳои кимиёӣ ва изотопҳои онҳо дар Замин; таҳқиқи тақсимот ва густариши унсурҳои кимиёӣ бо мақсади дарки сабабҳои нобаробар паҳн шудани онҳо дар манотиқи гуногуни Замин, мас., қишр, мантия, гидросфера ва ғайра; таҳлили густариши унсурҳо ва изотопҳои онҳо дар кайҳон ва сайёраҳои низоми Офтоб (кимиёи кайҳонӣ); омӯзиши равандҳои геологӣ ва маводде, ки аз организмҳои зинда ва мунқариз ҳосил шудаанд.

Истилоҳи геокимиёро олими швейсарӣ К. Ф. Шенбейн (1838) ба илм ворид кардааст. Олимони машҳури шӯравӣ В. И. Вернадский ва А. Е. Ферсман, инчунин кимиёдони норвегӣ В. М. Голдшмидт асосгузорони геокимиё мебошанд. Дар рушди геокимиё геологҳои олмонӣ К. Г. Бишоф, фаронсавӣ Л. Эли де Боман, кимиёшинос ва минералоги швед Е. Я. Берселиус, геохимики амрикоӣ Ф. У. Кларк, физик ва кимиёдони рус Н. С. Курнаков саҳми арзанда гузоштаанд. Пажӯҳишҳои шогирдони В. И. Вернадский ва А. Е. Ферсман – А. П. Виноградов, Д. И. Шербаков, А. Г. Бетехтин, Н. М. Страхов, В. С. Соболев, В. В. Шербина ва дигарон дар ташаккулу ривоҷи соҳаҳои гуногуни геокимиё нақши муҳим бозиданд. Замин, Офтоб, Моҳ, ситораҳо ва дигар ҷисмҳои кайҳонӣ аз унсурҳои кимиёӣ ва изотопҳои онҳо ташаккул ёфтаанд. Вобаста ба шароити пайдоиш ва рушд ҷисмҳои кайҳонӣ аз унсурҳои гуногуни кимиёӣ иборатанд. Дар ҷадвали Менделеев бо афзудани рақами тартибӣ густариши унсурҳо кам мешавад. Унсурҳои дорои рақами тартибии ҷуфт (мас., оксиген – 8, силитсий – 14, оҳан – 26) 86,4% ва рақами тартибии тоқ (мас., литий – 3, бор – 5) 13,6% мебошанд. Таҳқиқу таҳлили кимиёӣ, физикӣ ва физикию кимиёӣ ба якдигар наздик будани таркиби кимиёии Замин ва шиҳобпораҳоро собит кард.

Таркиби кимиёии Замин ва шиҳобҳо

Унсурҳои кимиёӣ Дар Замин, % Дар шиҳобҳо, %
36,9 22,3
О 29,3 36,7
Si 14,9 18,7
Мg 6,7 12,9
Аl 3,0 1,70
Са 2,9 1,68
Ni 2,9 1,08
S 0,7 1,87
Ti 0,5 0,10
К 0,3 0,06
Р 0,15 0,10
Мn 0,14 0,16

Мувофиқи маълумоти киштиҳои кайҳонии ИҶШС ва ИМА таркиби ҷинсҳои базалтии Моҳ ва Замин ба ҳам наздик мебошанд. Қонунмандиҳои густариш, тақсимот ва тариқи ҳосил шудани пайвастҳои унсурҳои кимиёӣ ба қабатҳои электронӣ ва радиуси иону атомҳо, потенсиали кимиёӣ, ҳолати агрегатӣ, кислотаю ишқорнокии муҳит, инчунин фишор, ҳарорат, радиоактивият ва дигар омилҳо вобаста аст. Замин, Моҳ ва дигар сайёраҳои ба Замин монанд аз қабатҳо иборатанд. Чунончи, Замин аз қабатҳои ҳаста (маркази Замин), мантия, қишр (литосфера), гидросфера ва атмосфера ташаккул ёфтааст. Кимиёдони норвегӣ В. М. Голдшмидт унсурҳои кимиёиро ба гурӯҳҳои гуногун тақсим кардааст, мас., унсурҳои хосси атмосфераи Замин (атмофилҳо) – Н, N, газҳои инертӣ; унсурҳои қишри Замин (литофилҳо) – Ве, В, С, О, Ғ, Nа, Мg, А1, Si. Р, Cl, К, Са, Тi, V, Cr, Мn, Вr, Sr, Zr, Nb, I, Cs, Ba, T1, Hf, Ta, W ва ғайра; унсурҳои тавлидкунандаи сулфидҳо, селенидҳо ва теллуридҳои табиӣ (халкофилҳо) – S, Cu, Zn, Ge, Ga, Se, Te, Pd, Cd (баъзеи онҳо дар ҳолати озод низ вомехӯранд, мас., Au, Ag, Hg, Bi, As ва ғайра); унсурҳое, ки хосиятҳои геокимиёии онҳо ба оҳан монанд аст (сидерофилҳо) – Fе, Со, Ni, Mo, Te, Ru, Rh, Os, Ir, Pt ва ғ. Гуногунии таркиби кимиёии қабатҳои Замин ба мигратсия (паҳншави)-и унсурҳо вобастагӣ дорад. Таҳқиқи масъалаи мигратсия ҳамроҳ бо кларки унсурҳо барои дарки қонунмандии дар шароити гуногуни геологӣ густариш ёфтани онҳо, инчунин пайдоиши конҳо аҳаммияти бузург дорад. Дар пайгирии сарватҳои табиӣ аз усулҳои геокимиёӣ (литогеокимиёӣ, гидрогеокимиёӣ, биогеокимиёӣ, металлометрӣ, индикаторҳо ва коррелятсияи геокимиёӣ ва ғайра) фаровон истифода мекунанд. Бо истифода аз усулҳои нав ва технологияи компютерӣ барои пешгӯӣ кардани ҷойгиршавии сарватҳои табиӣ дар манотиқи гуногун имкон фароҳам омад. Геокимиё барои омӯзиши таркиби кимиёии Замин аз усулҳои таҳлили рентгению флуоресентӣ, спектрометрияи атомию абсорбсионӣ, таҳлили нейтрону активатсионӣ, ғамма-спектрометрия, спектрометрияи эмиссионӣ, масс-спектрометрия ва таҳлили электронию ионии намунаҳои хеле хурд истифода мекунад.

Дар Тоҷикистон оид ба геокимиё дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, лабораторияи геокимиё ва кимиёи таҳлилии Институти кимиёи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон пажӯҳиш анҷом медиҳанд. Дар заминаи маълумоти муассисаҳои илмии давлатҳои гуногун харитаҳои дурнамои конҳо ва маъданҳо, аз ҷумла барои Тоҷикистон, тартиб дода шудаанд. Бино ба ақидаи олими тоҷик Почоҷонов Д., моддаҳои гуногун дар тӯли миллионҳо сол дар уқёнусҳо қабат ба қабат таҳшин шудаанд. Айни замон онҳо 75 дарсади қишри Заминро ташкил медиҳанд. Тақр. аз чор се ҳиссаи сарватҳои табиӣ дар таркиби ҷинсҳои таҳшин вуҷуд доранд. Олимони тоҷик бори аввал густариши микроунсурҳоро дар шакли пайвастҳои ҳалгашта исбот намуданд. Дар натиҷаи омӯзиши ҷинсҳои таҳшини депрессияи Тоҷикистон оид ба консентратсияи баъзе филиззот дар таркиби ангиштсанг ва слансҳои сӯзанда маълумот ба даст омад. Депрессияи Тоҷикистон ба қатори бузургтарин пастхамиҳои дунё дохил шудааст. Пажӯҳишҳои олимони тоҷик дар боби таҳқиқи таркиби кимиёии қабати таҳшини Замин назаррас мебошанд. Онҳо барои муқаррар кардани тавозуни унсурҳои кимиёӣ дар қишри Замин ва ҳалли масоили экологӣ муҳимманд. Тоҷикистон аз нигоҳи мавҷудияти минералҳои гуногун ва сангҳои пурбаҳо дар ҷаҳон маъруф аст. Мас., дар шимоли Тоҷикистон конҳои фирӯза, агат, селестин, шеелит, родонит, висмутин, маъданҳои уран, халседон, гач ва ғ., дар маркази Тоҷикистон – касситерит, шеелит, андрадит, сподумен, аксинит ва ғ., дар Бадахшон – лаъл, булӯри кӯҳӣ, мусковит, шпинел ва ғ., дар ҷануби Тоҷикистон – галит, гаҷ ва ғ. мавҷуданд. Натиҷаи таҳқиқотҳои геокимиёӣ дар маҷаллаҳои «Геохимия», «Литология ва сарватҳои зеризаминӣ», «Докладҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ахбори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр мешаванд. Олимони тоҷик дар симпозиум ва кунгураҳои илмии байналхалқӣ оид ба дастовардҳои илмии Г. ширкат меварзанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вернадский В. И. Очерки геохимии, 4 изд. М-Л., 1934;
  • Ферсман А. Е. Геохимия. Т. 1-4. Л., 1933—1939;
  • Сауков А. А. Геохимия. 3 изд. М., 1966;
  • Тугаринов А. И. Общая геохимия. М., 1978;
  • Борисов М. В. Геохимические и термодинамические модели жильного гидротермального рудообразования. М., 2000;
  • Гричук Д. В. Термодинамические модели субмаринных гидротермальных систем. М., 2000.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]