Геомагнетизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геомагнетизм (магнетизми Замин) — шохаи заминфизик, ки майдони магнитии Замин (майдони геомагнитӣ), тағйирёбӣ дар фазо ва вақт, таъсири мутақобила бо майдони магнитии байнисайёравӣ, инчунин масъалаҳои пайдоиши онро меомӯзад. Майдони геомагнитӣ (МГ) аз се майдони заминавӣ иборат аст: асосӣ ё доимӣ, ки онро манбаъҳои дохили ҳастаи Замин ба вуҷуд меоранд; тағйирёбанда ё берунӣ, ки ба туфайли системаҳои ҷараёни дар магнитосфераи Замин мавҷуд ҳосил мешаванд ва маҳаллӣ ё аномалӣ, ки дар натиҷаи хосиятҳои магнитии ҷинсҳои кӯҳии дар қабатҳои болоии қишри Замин воқеъгардида пайдо мешаванд.

Таҳқиқи МГ барои омӯзиши равандҳое имкон медиҳад, ки дар ҳаста ва сарҳадди ҳаста — мантияи Замин ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми омӯзиши Г.-и асосӣ ва тағйирёбиҳои қарнии он мушоҳидаҳои мустақим, додаҳои археомагнитӣ ва полеомагнитиро истифода менамоянд. Мушоҳидаҳои мустақим дар расадхонаҳои магнитӣ дар тӯли 100—200 сол амалӣ мешаванд. Манбаъҳои археомагнитӣ 10 ҳазор соли охир ва таҳқиқотҳои палеомагнитӣ фосилаи вақти тартибаш 109-ро дар бар мегиранд.

Бозёфтҳои бостоншиносие, ки аз маснуоти лойи пухташуда сохта шудаанд (хишти пухта, зарфҳои кулолӣ ва ғайра) объектҳои таҳқиқоти археомагнитӣ мебошанд. Ташхиси ин объектҳо собит намуд, ки момент (гаштовар)-и Замин давра ба давра тағйир меёфтааст. Зимни таҳқиқоти палеомагнитӣ ташкилаҳои вектори магнитдоршавии боқимондаи ҷинсҳои кӯҳӣ, ки барои муайян кардани синни ҷинсҳо истифода мешаванд, инчунин бузургӣ ва самти майдони магнитии дар Замин дар давраи ташаккул мавҷуда мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Манобеи таҳқиқот собит менамоянд, ки бо гузашти вақти зиёд тафовутҳои мавқеи қутбҳои палеомагнитӣ аз қутбҳои ҷуғрофиёни муосир хеле назаррас мебошанд. Ин нуқта барои муқаррар намудани ҷойивазкунии қутбҳо — ҳаракати самтгирифтаи Замин дар таърихи геологии он имкон медиҳад. Инчунин муқаррар гардидааст, ки ҷунбиши қутбҳо дар қитъаҳои гуногун мухталиф аст, яъне, онҳо дар иртибот бо ҳамдигар ҳаракат мекунанд.

Ба МГ майдони магнитии тағйирёбанда зам мешавад. Манбаъҳои майдони магнитии тағйирёбанда дар ионосфера — қабатҳои болоии атмосфера, магнитосфераи Замин — ковокии кометашакли Замин (ки хатҳои қуввагии геомагнитӣ ба вуҷуд овардаанд), инчунин боди офтобӣ ва майдони магнитии байнисайёравӣ воқеъ гардидаанд. Давраҳои ангезишҳои геомагнитӣ дар фосила аз якчанд рӯз (бӯронҳои магнитӣ) то якчанд дақ. ва ҳиссаи сония (набзи геомагнитӣ) тағйир меёбанд. Таҳқиқи тағйирёбиҳои геомагнитӣ барои омӯхтани равандҳои мавҷӣ ва ҷараёнҳои электрӣ дар ҷилди плазмавии наздисатҳии Замин ва боди офтобӣ, инчунин истифодаи усулҳои магнитӣ (мас., усули магнитотеллурии зондаж) барои омӯзиши сохти геологии қишри Замин имкон медиҳад.

Ҷисмҳои геологӣ, ки аз майдони магнитии берунӣ магнитдор шуда метавонанд, боиси МГ-и маҳаллӣ ё аномалӣ мегарданд. Соҳае, ки дар он МГ-и аномалӣ мушоҳида мегардад, аномалияи магнитӣ номида мешавад. Аномалияи МГ-ро иктишофи магнитӣ таҳқиқ мекунад. Ҳадафи ин таҳқиқот муайян кардани сохти геологии қишри Замин, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Стейси Ф. Физика Земли М., 1972;
  • Яновский Б. М. Земной магнетизм. Л., 1978;
  • Поспелова Г. А. Характерные изменения геомагнитного поля в прошлом. М., 1992.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]