Jump to content

Геоморҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геоморҳо (юн.-қад. γεωμόροι) — табақаи заминдорон (хурд, миёна, калон) дар Юнони Бостон:

  1. Дар Аттика геоморҳо дар баробари евпатридҳо (ашрофзодагон) ва демиургҳо (ҳунармандон) одамони озод ба ҳисоб мерафтанд. Ҳамчун табақаи аҳолӣ дар замони шоҳ Тесей (тақр. асри 13 то м.) пайдо шудаанд. Минбаъд бо зиёд гардидани қарзҳояшон қитъаҳои замини худро аз даст дода, ба ғулом табдил ёфтанд. Ислоҳоти Солон (асри 6 то м.) аксари хоҷагиҳои геоморҳоро барқарор намуд, ки бо демосҳои шаҳрӣ демократияи ғуломдории Афинаро бунёд карданд. Дар асри 4 то м. аксари геоморҳо аз нав қашшоқ шуданд.
  2. Геоморҳо дар Сиракуза ва ҷазираи Самос табақаи ашроф ва заминдорони калон буда, ҳокимиятро дар ихтиёр доштанд. Ҳокимияти геоморҳо дар Самос тақр. соли 600 то м. аз тарафи демосҳо (шаҳрвандони соҳибҳуқуқи ғайриашрофӣ) барҳам дода шуд. геоморҳо муваққатан ҳокимияти худро барқарор карданд, аммо бори охирин соли 394 то м. демосҳои (шаҳрвандони) ҷазираи Самос ба ҳукмронии геоморҳо хотима доданд.