Jump to content

Геотасвир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геотасвир (аз гео… ва тасвир) — ҳар тамсилаи фазо-замонӣ ва миқёсии умумиятдодашудаи объектҳои заминӣ (сайёравӣ) ё равандҳо, ки дар шакли уқнума (сурати худо ва фариштаву авлиёи насронӣ) таҳия шудааст.

Ба геотасвири ҳамвор (дучена) харита, нақша, тасвирҳои анаморфӣ (тағйири расм бо усули оптикӣ, ки дар ду самти ба ҳам амудӣ миқёси онро тағйир дода метавонад), харитаҳои электронӣ (экранӣ), аэрофотосуратҳо, фотонақшаҳо, тасвироти телевизионӣ, сканерӣ, радиолокатсионӣ ва дигар тасвироти масофави (фосилави)-ро мансуб медонанд. Геотасвирҳои ҳаҷмӣ (сечена) аз харитаҳои релйефӣ ва физиографӣ, блок-диаграммаҳо, анаглифҳо (бо усули рамзбандии тасвир ба даст овардани тасвирҳои стерео), манзараҳо (панорамаҳо), тамсилаҳои стерео, голограммаҳои харитасозӣ ва ғ. иборатанд. Ба гурӯҳи геотасвирҳои динамикӣ (сечена ва чорчена) аниматсияҳои картографӣ, стереонаворҳо, киноатласҳо, тамсилаҳои виртуалӣ (хаёлӣ), ҳолограммаҳои динамикӣ ва ғ. дохил мешаванд. Ғайр аз ин бисёр Геотасвирҳои муштарак, мас., фотохаритаҳо, ортофотохаритаҳо, аксҳои фототелевизионӣ мавҷуданд, ки дар онҳо воқеият ва аёнияти манзараҳои бадеӣ бо блок-диаграммаҳо ва ғ. дақиқ мувофиқат мекунанд. Баробари рушди технологияҳои геоиттилоотӣ усулу навъҳои нави геотасвири мавзӯъҳояшон гуногуну бо барномаҳои махсус идорашаванда ба вуҷуд меоянд.