Геоэлектрика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Геоэлектрика (гео... ва юн. electron ‒ қатрон, каҳрабо) — шохаи заминфизик, илме, ки ноқилияти электрии қишри Заминро меомӯзад.

Геоэлектрика солҳои 1950–70 дар асоси иктишоф (зондгирӣ)-и электромагнитии басомадӣ, ки дар геофизикаи иктишофӣ татбиқ меёбад, назарияи индуксияи электромагнитии дар Замин рухдиҳандаву дар геомагнитизм инкишофёфта ба вуҷуд омадааст. Геоэлектрика чанд навъ мешавад: умқӣ, минтақавӣ ва амалӣ ё иктишофи электрӣ. Геоэлектрикаи умқӣ геоэлектрикаи сайёрави (таҳқиқоти дар миқёси глобалӣ ё қитъавӣ амалишавандаро дар бар мегирад. Геоэлектрикаи минтақавӣ соҳаҳои тектоникии алоҳидаро меомӯзад. Доираи таҳқиқи геоэлектрикаи амалӣ сохти қисми болоии қишри Замин мебошад. Усули асосии геоэлектрикаи сайёравиро зондгирии магнитию вариатсионии басомадӣ ва геометрӣ ташкил медиҳанд. Асоси геоэлектрикаи минтақавӣ аз зондгирии магнитии теллурӣ иборат буда, қишри Замин дар мантияи болоӣ то умқи 200–400 км омӯхта мешавад. Барои омӯзиши муҳити геологӣ бо усулҳои электромагнитии ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ ҷинсҳои кӯҳиро аз рӯи хосиятҳои электромагнитӣ ҷудо мекунанд. Хосиятҳои майдонҳои электрии манбаъҳои сунъӣ ва табииро сохти геоэлектрии қитъаи таҳқиқшаванда муайян мекунад. Баъзе объектҳои геологӣ дар шароити муайян майдонҳои электрии худро ба вуҷуд меоранд. Аз рӯи тағйироту тамоюлҳои электромагнитӣ барои ҳалли масъалаҳои мушаххас маълумотро ба даст овардан мумкин аст. Иктишофи электрии муосир зиёда аз 50 усулро истифода менамояд, ки дорои майдонҳои гуногуни электрӣ ва электромагнитӣ мебошанд. Зимни иктишофи электрӣ амплитудаи ташкилаҳои электрӣ ва магнитии майдон ва инчунин фазаҳои онҳо андозагирӣ мешаванд. Бақайдгирии ин ченакҳо дар шакли аналогӣ (шабеҳӣ) ва солҳои охир бештар ба шакли рақамӣ сурат мегирад. Усулҳои таҳқиқоти геоэлектромагнитӣ барои омӯзиши сохти умқи Замин, равандҳои геодинамикӣ ва дигар равандҳои он, ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ, таҳқиқоти ҳидрогеологӣ, экологӣ ва ғ. татбиқ мешаванд. Дар асоси усулҳои физикию математикӣ – усули электродинамикаи муҳитҳои яклухт (усулҳои электромагнитӣ, радиомавҷӣ ва ғайра) таҳия гардидаанд. Бо усулҳои дигар (геоэлектрикаи ғайриклассикӣ) ҳодисаҳои табиӣ ба таври таҷрибавӣ омӯхта мешаванд.

Таҳқиқот дар соҳаи геоэлектрика дар якчанд самт амалӣ мегарданд:

  • омӯзиши сохти геоэлектрии Замин дар қитъаҳо ва уқёнусҳо;
  • таъмини иттилоотию математикии таҳқиқоти геоэлектромагнитӣ;
  • омӯзиши равандҳои геодинамикӣ ва дигар равандҳое, ки дар қаъри Замин сурат мегиранд;
  • омӯзиши муаммоҳои геоэлектрикаи ғайриклассикӣ.

Эзоҳ[вироиш]

  • Ваньян Л. Л. Электромагнитные зондирования. М., 1997;
  • Хмелевской В. К. Геофизические методы исследования земной коры. Дубна, 1997–99.

Сарчашма[вироиш]