Jump to content

Пиришиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Геронтология)
Пиришиносӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Пиришиносӣ (форсӣ: پیری‌شناسی‎), геронтология (англ. Gerontology) — илм дар бораи пиршавии мавҷудоти зинда; яке аз қисмҳои фанҳои пизишкӣ ва зистшиносӣ буда, қонуният, механизм ва зоҳиршавии пириро меомӯзад.

Пиришиносӣ, илме, ки ба омӯзиши василаю ҷараёни зистшинохтии пир гаштани мавҷудоти зинда, инчунин усулҳои суст намудани суръати пиршавӣ ва дароз кардани умр машғул аст. Азбаски амалиёти мазкур то давраи пирӣ фаро мерасанд, пиришиносҳо бештар ба вазъи саломатии одамони миёнаумр ва солхӯрда диққат медиҳанд. Дарки биологии пиршавӣ имкон медиҳад, ки инкишофи бемориҳои хосси ин синну сол дуруст тасаввур ва саривақт ташхису табобат карда шаванд. Якбора пир гаштани аҳолӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ барои ривоҷ ёфтани пажӯҳишҳои пиришинохтӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Қариб дар ҳар соҳаи тиб бахшҳое вуҷуд доранд, ки ба масоили пиришиносӣ вобастаанд. Яке аз фаслҳои пиришиносиро пирпизишкӣ меноманд.

  • Чеботарев Д. Ф., Бойко В. И. Уход за больными пожилого и старческого возраста. Киев, 1975;
  • Хрисанфова Е. Н. Основы геронтологии. М., 2000.