Зистшиносӣ
Зистшиносӣ (форсӣ: زیستشناسی), биоло́гия (юн. βιολογία; аз юн.-қад. βίος — «ҳаёт» + λόγος — «омӯзиш, илм» — як соҳаи илм, ки ҳаётро меомӯзад.
Мавзуъи таҳқиқи зистшиносӣ сохт ва фаъолияти мавҷудоти зинда, пайдоиш, паҳншавӣ, инкишоф ва алоқаи онҳо бо табиати ғайризинда мебошад. Истилоҳи «биология»-ро соли 1802 олимони фаронсавӣ Ж. Б. Ламарк ва олмонӣ Г. Р. Тревиранус (новобаста аз ҳамдигар) пешниҳод кардаанд. Зистшиносӣ бо бисёр илмҳо ва фаъолияти инсон алоқаи зич дорад. Барои тасвир ва таҳқиқи равандҳои биологӣ дастовардҳои илмҳои кимиё, физика, математика, техника, геология, география, геокимиё ва ғ. истифода мешаванд. Нимаи дувуми садаи XX зистшиносӣ хеле тараққӣ кард. Пешрафти зистшиносӣ барои ташаккули давра ба давраи ақидаҳо дар хусуси пайдоиши ҳаёт заминаи мусоид фароҳам овард. Зистшиносӣ дар шинохтани одам ва мавқеи ӯ дар табиат аҳаммияти бағоят бузург дорад.
Соҳаҳо ва бахшҳои зистшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зистшиносии муосир аз рӯйи гуногунии шакл, усул ва мақсади таҳқиқи объектҳои зинда соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад, мас., зоология, ботаника, микробиология, гидробиология ва ғ. Қисматҳои зистшиносӣ, ки ба омӯзиши шаклу сохт, тарзи ҳаёт ва муносибати ҳамдигарӣ бо муҳит, густариш, пайдоиш, қонуниятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ, ҳайвоноту набототи мунқариз ва ғ. машғуланд, ба соҳаҳои алоҳида ҷудо мешаванд, ки морфология ва анатомия, экология, физиология (физиологияи ҳайвону наботот), генетика, зоогеография ва фитогеография, палеозоология ва палеоботаника аз ҳамин қабиланд. Бахшҳои дигари зистшиносӣ раванди ҳаётро дар марҳалаҳои гуногуни ташаккули он таҳқиқ менамоянд, ки биокимиё, биофизика, биологияи молекулавӣ, ситология ва гистология дар он шумуланд.
Зистшиносӣ асоси назариявии кишоварзӣ ва тиб аст. Дар асоси пажӯҳишҳои биологӣ навъҳои нави рустанӣ, зотҳои беҳтарини ҳайвонот ба вуҷуд оварда шудаанд. Зистшиносӣ ҳамчунин барои дарёфти усулҳои нави таҳияи доруҳо ва муолиҷаи беморон ёрӣ мерасонад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Зистшиносӣ илми хеле қадима буда, таърихи он аз мамлакатҳои соҳили Баҳри Миёназамин (Мисри Қадим, Юнони Қадим) ибтидо мегирад. Дар Ҳиндустон, Хитой, Миср, Сурияи Қадим дар бораи ҳайвонот ва наботот маълумоти зиёде ҷамъ омада буд. Мас., ҳиндуҳо 7-8 ҳазор сол то м. банкив ном мурғи ёбоиро ром карда, зотҳои нав ба вуҷуд оварда буданд. Онҳо аз рустаниҳои доруӣ ва сохти ҷисми одам хабар доштанд. Аз кирм пайдо шудани пашшаи гӯшт ба мисриён маълум буд. Мувофиқи ақидаи олими Юнони Қадим Эмпедокл (483—428 то м.) ҳайвонҳо на бо роҳи инкишофи таърихӣ, балки тасодуфан ба вуҷуд омадаанд. Файласуфон Анаксагор (500—428 то м.) ва Анаксимандр (610—546 то м.) ақидаи таҳти таъсири муҳити беруна тағйир ёфтани ҳайвонотро баён намудаанд. Дар ташаккули зистшиносӣ Арасту ва Ҷолинус низ саҳми назаррас гузоштаанд. Арасту систематикаи ҳайвонотро ба вуҷуд овард, Ҷолинус сохти дарунии маймун ва хукро омӯхта, дар асоси он сохти дарунии одамро тасвир намудааст.
зистшиносӣ чун илми мустақил садаи XV, дар давраи пайдоиш ва рушди нишонаҳои аввалини капитализм, рӯ ба тараққӣ ниҳод. Сабаби пайдоиши он афзудани талабот ба хӯрок ва ашёи хоми табиӣ буд. Дар садаи XVI Ганс ва З. Яксон мик-роскопро ихтироъ карданд. Асри 17 Р. Гук ҳуҷайра, Малпиги ва Грю бофтаи рустанӣ, Левенгук ва Гамм сперматозоидро кашф намуданд. Дар асрҳои 17-18 вазифаи асосии зистшиносӣ бозомӯзии навъу хелҳои набототу ҳайвонот буд. Дар садаи XVIII табиатшиноси швед Карл Линней «Системаи табиат»-ро бунёд кард ва ба систематикаи олами ҳайвоноту наботот асос гузошт. Дар нимаи аввали садаи XIX усули қиёс (хусусан, дар морфология, анатомия, эмбриология) хеле васеъ истифода мешуд. Бо вуҷуди ин, ақидаҳои тағйирнопазирии ҳайвоноту наботот вуҷуд доштанд, ки боиси сар задани фарзияҳои идеалистӣ (мас., витилизм) гардиданд. Муддате дар зистшиносӣ байни тарафдорони эпигенез ва преформизм баҳсу мунозира мерафт, ки ин давра давраи инкишофи метафизикии зистшиносӣ ном гирифт. Нимаи дувуми садаи XIX, баъди ба вуҷуд омадани назарияи Ч. Дарвин, ба зистшиносӣ асоси илмӣ гузошта шуд. Дар ин замон омилҳои асосӣ ва қувваи пешбари таҳаввулот кашф шуданд. Дарвин мафҳумҳои пайдоиши намудҳо, тағйирпазирии ирсӣ, мубориза барои ҳаёт ва интихоби табииро шарҳ дода, дар зистшиносӣ саҳифаи нав кушод. Таҳқиқоти олимони рус А. О. Ковалевский дар бораи шабоҳати зинаҳои инкишофи ҷанинии ҳайвонот, И. И. Мечников оид ба эмбриологияи ҷонварони бемуҳра, И. В. Сеченов дар соҳаи физиологияи силсилаи асаб ва маркази боздории аксуламали рефлексӣ, И. П. Павлов оид ба фаъолияти олии асаб, узвҳои ҳозима ва гардиши хун аз кашфиёти бузурги он давра ба ҳисоб рафта, дар пешрафти фанҳои биологӣ саҳми арзанда гузоштанд. Соли 1866 Г. Мендел қонуни ирсиятро кашф намуд, ки асоси генетика ҳисобида мешавад. Дар инкишофи зистшиносӣ хидмати И. В. Мичурин ва К. А. Тимирязев низ хеле бузург аст. Тимирязев солҳои 1869-75 аҳаммияти хлорофиллро дар ҷараёни фотосинтез ошкор сохта, ба физиологияи наботот асоси илмӣ гузошт. Охири садаи XX рушд намудани илмҳои дақиқ — физика, кимиё, риёзӣ ба ташаккули фанҳои биокимиё, биологияи молекулавӣ, генетикаи молекулавӣ, биофизика, радиология, биометрия, бионика ва ғ. мусоидат кард.
Зистшиносии тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Зистшиносии тоҷик ҳам таърихи қадимӣ дорад. Давраҳои муҳимми рушду нумӯи он бо ному асарҳои безаволи Абуалии Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Исмоили Ҷурҷонӣ, Носири Хусрав ва диг. алоқаманд аст. Абуҳанифаи Диноварӣ дар «Китоб фӣ-н-набот» ном асари худ (солҳои 850—855 ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф ёфтааст) роҷеъ ба дарёфту парвариши 482 навъи рустанӣ маълумоти муфассал додааст. Дар китоб зиёда аз 50 намуди рустаниҳое қайд шудаанд, ки ба гиёҳшиносони Юнони Қадим маълум набуданд (мас., тамри ҳиндӣ, танбул, дафна ва ғайра). Закариёи Розӣ дар «ал-Ҳовӣ» бисёр рустаниҳои шифобахши замони худро қайд кардааст. «Комилу-с-синоат»-и Алӣ ибни Аббоси Маҷусии Аҳвозӣ (ваф. 994) ва «ал-Миа фӣ-синоат-ит-тиббия»-и Абусаҳли Масеҳии Ҷурҷонӣ (яке аз устодони Абуалии Сино) низ оид ба бисёр намудҳои рустанӣ маълумоти муфид доранд. Абумансур Муваффақи Ҳаравӣ дар «Китобу-л-абния ан ҳақоиқ-ил-адвия» (с. таълифаш — 977 м.) тақр. 500 намуди рустаниҳоро шарҳ додааст. Дар пешрафи илми зистшиносии тоҷик «Китоб-ус-сайдана фӣ-т-тиб»-и Абурайҳони Берунӣ аҳаммияти бузург дошта, муаллифи он дар дақиқу возеҳ намудани номи рустаниҳо кори бузургеро ба анҷом расондааст. Берунӣ дар хусуси 750 намуди рустанӣ маълумот дода, номи ҳар якашонро ба забонҳои гуногун қайд кардааст. «ал-Қонун фӣ-т-тиб»-и табиб ва донишманди бузурги тоҷик Абуалии Сино дар бораи кулли рустаниҳои шифобахш, ки то замони ӯ маълум буданд, маълумот медиҳад. Шайхурраис дар ин китоб зиёда аз 1000 намуди рустаниҳоро тавсиф кардааст, ки тақр. 200 намуди онҳо дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон месабзанд (мас., тархун, ҳазорҷӯшон, заъфарон, кавар, савринҷон, шавкарон, савсан, карафс, ҳулба ва ғайра). Шоҳасари Абуиброҳим Исмоили Ҷурҷонӣ «Захираи Хоразмшоҳӣ», инчунин «Ихтиёроти бадеӣ», «Тибби Юсуфӣ», «Тибби Акбарӣ», «Дастуру-л-илоҷ», «Кифоияи Мансурӣ» ва ғ. доир ба зистшиносӣ маълумоти фаровон доранд.
Зистшиносӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқи флора ва фаунаи Тоҷикистон охири садаи XIX ва аввали садаи XX, баъди ташкилу фаъолияти экспедитсияи илмии А. П. Федченко, О. А. Федченко, Н. А. Северсов, Н. И. Вавилов, С. И. Коржинский, А. Э. Регел, В. Л. Комаров ва диг. оғоз ёфт. Баробари таъсиси Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС шуъбаҳои ботаника (1932), зоология ва паразитология (1934) ташкил ёфтанд. Дар заминаи онҳо соли 1941 Институти ботаника ва Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶШС Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Соли 1964 Шуъбаи физиологияи Институти ботаника ба Институти физиология ва биофизикаи рустанӣ (ҳоло Институти ботаника, физиология ва биофизикаи рустанӣ) табдил дода шуд. Соли 1969, дар заминаи Боғи ботаникии Помир, дар Хоруғ, Институти биологияи Помири АИ ҶТ таъсис ёфт. Соли 1975 Шуъбаи генетикаи умумии пахта ташкил шуд, ки то соли 2000 мустақил амал мекард (феълан барҳам хӯрдааст). Дар ташаккулу инкишофи илмҳои биологӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа ДМТ, ДДОТ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ДАТ ва ғ. саҳми арзанда мегузоранд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ чунин илмҳои биологие чун зоология, ботаника, энтомология, гидробиология, ихтиология, паразитология, гелминтология, протозоология, геоботаника, физиологияи рустаниҳо, биофизика, биологияи молекулавӣ, биокимиё, генетика ва ғ. ривоҷу равнақ меёбанд. Бо кӯшиши олимони ҷумҳурӣ китобҳои бунёдии «Флора Таджикской ССР» (иборат аз 10 ҷилд) ва «Фауна Таджикской ССР» (иборат аз 20 ҷилд) ба табъ расиданд. Соли 1935 китобҳои «Звери Таджикистана» (К. К. Флеров), соли 1938 «Рыбы Таджикистана» (Г. В. Николский), соли 1940 «Птицы Таджикистана» (А. И. Иванов), соли 1969 «Птицы Памиро-Алая» (А. И. Иванов), соли 2011 «Грызуны Юго-Западного Таджикистана» (А. Саидов) ва ғ. интишор ёфтанд. Минбаъда биологияи ҳашарот, нематодаҳои рустанӣ, хояндаҳо низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Солҳои охир дар ҷумҳурӣ зистшиносии таҷрибавӣ рӯ ба инкишоф ниҳодааст.
Олимони Институти ботаника, физиология ва биофизикаи рустанӣ дар бораи сохти биокимиёӣ ва танзими генетикии фотосинтез, меъёри радиатсионӣ, ҳарорати хоки киштзор ва сенозҳои табиӣ як қатор таҳқиқоти муфид анҷом доданд. Натиҷаҳои таҳқиқот оид ба зистшиносӣ дар «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маърӯзаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маҷаллаҳои соҳавӣ чоп мешаванд.
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Animalia - Bos primigenius taurus
-
Planta - Triticum
-
Fungi - Morchella esculenta
-
Stramenopila/Chromista - Fucus serratus
-
Bacteria - Gemmatimonas aurantiaca (1 Micrometer)
-
Archaea - Halobacteria
-
Virus - Gamma phage
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Биология // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |