Гершун, Александр Лвович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гершун, Александр Лвович
Brockhaus and Efron Encyclopedic Dictionary B82 26-3.jpg
Таърихи таваллуд: 17 (29) октябр 1868
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 май (8 июн) 1915 (46 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Гершун Александр Лвович (17 октябри 1868, Соколка, губернияи Гродно, Лаҳистон — 26 майи 1915, Петербург) — физикдони рус, асосгузори санъати абзорҳои оптикии Русия.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи Петербург (1890). Ҳангоми донишҷӯӣ дар бораи вобастагии ҳарорату зичии об ва маҳлулҳои обӣ асари илмӣ навишта, сазовори медали тило гардидааст. Ассистент ва лаборанти кафедраи физикаи ҳамин донишгоҳ (1890—1902), мудири кафедраи физикаи умумии Мактаби афсарони артиллерӣ дар Кронштадт (1902-08), сардори шуъбаи оптикии заводи пӯлодгудозии Обухов дар Петербург (1908-12), ҳамзамон мудири кафедраи физикаи Ин-ти педагогии занонаи Петербург (аз 1908). Аз соли 1912 роҳбари илмии Ҷамъияти саноати оптикӣ ва механикии Руссия буд. Зери роҳбарии ӯ соли 1914 З-ди оптикии Петербург (аз 1962 Иттиҳодияи оптикию механикии Ленинград; ҳоло ҶСК «ЛОМО») сохта шуд ва Александр Гершун директори аввалини он таъйин гардид. Александр Гершун дар таҳияи мақолаҳои луғати донишномавии Брокҳауз ва Ефрон (мас., мақолаи «Физика») иштирок намудааст. Таҳқиқоти илмии Александр Гершун ба оптикаи амалӣ бахшида шудаанд. Ӯ масъалаҳои фотография (суратгирӣ)-и амалӣ ва стереофотографияро омӯхта, талаботи техникии сифату хосиятҳои оптикии фотообъективҳоро таҳия намудааст. Александр Гершун барои флот асбобҳои оптикӣ, аз ҷумла сохти нави масофасанҷ ва нишонгиракҳои оптикиро пешниҳод кардааст. Александр Гершун дар соҳаҳои оптикаи геометрӣ ва физикӣ, электромагнетизм, радиоактивият низ таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ дар экспедитсияи Ҷамъияти астрономии Руссия, ки барои мушоҳидаи гирифти Офтоб (1896) таъсис дода шуда буд, ба ҳайси физики аксбардор иштирок карда, аксҳо гирифтааст ва дар бораи такмили усулҳои мушоҳидаи фотографии чунин зуҳурот дастурҳо пешниҳод намудааст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. Гершун Александр Львович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма[вироиш]