Гесӯи Навогар
Зоҳир
форсӣ: گیسوی نواگر | |
Таърихи таваллуд | 587 |
Зодгоҳ | Рай |
Таърихи даргузашт | 640 |
Пеша(ҳо) | мутриб, сароянда |
Гесӯи Навогар (форсӣ: گیسوی نواگر; Касван Навакар; 587, Рай — 640, Тайсафун) — овозхон ва мутриби машҳури замони Сосониён ва аз ҳамдастони Борбади Марвазӣ
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз аҳли Хуросон. Ҳунари созу наворо дар зодгоҳаш — шаҳри Ҳирот фаро гирифта, сипас ба дарбори Хусрави Парвиз (590—628) роҳ ёфт ва чанд муддат дастаи бонувони чангии Ромишсаро (Фарҳангистони ҳунар)-и дарборро сарварӣ кард. Дар достони «Вису Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ва фарҳангҳои мухталиф маҳорати ҳунарии Гесӯи Навогар ситоиш шуда, таснифоти «Дилангезон», «Нӯшин», «Гулнӯш» ва ғайраро ба ӯ нисбат додаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гесӯи Навогар / А. раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Борбаднома. Д., 1989; Нағмаи ниёкон. Д., 1989;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;