Геттерҳо
Геттерҳо, газфурӯбарандаҳо — моддаҳое, ки қобилияти фурӯ бурдани оксиген, ҳидроген, нитроген, гази ангидриди карбон, оксиди карбон ва дигар газҳо (ба ғайр аз газҳои инертӣ)-ро доранд.
Газфурӯбарӣ ба фаъолии кимиёии моддаҳо ҳангоми таъсири мутақобилаи онҳо бо газҳо, инчунин қобилияти ҳал кардани газҳо (абсорбсия) ё дар болои худ нигоҳ доштани газ (адсорбсия) вобаста аст. Геттерҳо, маъмулан, дар асбобҳои вакуумӣ барои фурӯ бурдани газу буғҳое, ки баъди хориҷ гардидани газҳо ё дар дохили асбобҳо боқӣ мондаанд, дар асбобҳои бо газҳои инертӣ пуршуда барои тоза кардани газ аз ғашҳо, инчунин ба ҳайси моддаи кории насосҳои вакуумӣ истифода мешаванд. Геттери бухоршаванда ва бухорнашаванда мавҷуданд. Геттери бухоршаванда газҳоро ҳангоми бухоршавӣ дар деворҳои асбоб таҳшин шуданашон фурӯ бурда, оинаи филиззӣ ҳосил менамоянд. Ба сифати геттерҳои бухоршаванда, маъмулан, феба (сими бариевии оҳанандуда), бато (омезаи торий ва оксиди оҳан бо хӯлаи алюминий - барий) ва ғ. истифода мешаванд. Бо Геттери бухорнашаванда ‒ баталум (омезаи карбонатҳои барий ва стронсий), маъмулан, дар шакли хокаҳои филиззии маҳиндисперсӣ сатҳи ҷузъҳои асбобҳоро рӯйпӯш мекунанд ё аз онҳо ҷузъҳои том месозанд. Дар Геттери бухорнашаванда тантал, титан, сирконий, барий, серий, лантан ва ниобий, сето (омезаи хокаҳои серий, лантан ва торий) моддаҳои фаъол ба ҳисоб мераванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Геттерҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.