Гетӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гетӣ (форсӣ: گیتی‎), олами моддӣ — дар зардуштия ҷаҳоне, ки муқобили ҷаҳони минуӣ (муҷаррад) буда, дар он муборизаву мубодила ва кавну фасод сурат мегирад.

Дар зардуштия[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар олами минуӣ ҳафт сифоти Аҳуромаздо — нур, маниши нек, ростӣ, қудрат, тақво, хайр ва фанонопазирӣ ҳофизу нигаҳбон ва мазҳари мавҷудоти олами гетӣ — инсон, замин, об, гиёҳ, ҳайвонот, филиззот ва оташ мебошанд. Дар «Бундаҳиш» офариниши гетӣ аз тариқи олами минуӣ қаламдод шудааст. Дар он омада, ки аз офаридагони олами моддӣ нахуст осмон, сипас об, замин, гиёҳ, гусфанд, мардум ва худи Ҳурмузд (ба маънои сарвари ҳамаи онҳо) офарида шуд. Гунбади сипеҳр (Осмон) дар ҳафт табақа ба мисли тухми мурғ ва аз ҳумоҳан (гавҳари алмосии нур) пайдо шуда, ҳамаи дигар офаридагон дар даруни ҳамин он ҷойгир шудаанд. Дар «Зодспрам» инсон ба Осмон ташбеҳ дода шуда, монандии ҳафт унсури тани инсонӣ (мағз, устухон, гӯшт, пай, раг, пӯст ва мӯй), неруҳои обӣ (хун, балғам, сафро ва савдо) ва дигар унсурҳои ҷониву равонии одамӣ ба аносири гунбади сипеҳр батафсил баён шудааст. Дар «Ҳикмату-л-ишроқ»-и Шаҳобуддини Суҳравардӣ гетӣ ба маънои олами зулмонӣ ё худ ҷисмонӣ омадааст. Шайхи ишроқ ҷаҳонро аз ду бахш иборат медонад. Ба қавли ӯ, ҷаҳон ба ду гуна тақсим шавад: минуӣ, он ҷаҳони нуронии рӯҳонӣ аст ва гетӣ , он олами зулмонии ҷисмонӣ аст.

Тибқи таълимоти зардуштия, ҳамаи мавҷудоти шарру бади аҳриманӣ дар гетӣ ҷой дошта, ба муқобили офаридаҳои неки Аҳуромаздо мубориза мебаранд. Дар гетӣ ҳар фард тавассути қувваи фоилаи худ (нафс ва ақл) аз тариқи силсилаи мақулаҳои ахлоқӣ (меҳру фурӯғ, пӯйиш дар шинохти ҷаҳон ва густариши дониш, ноил шудан ба пояҳои асосии порсоӣ, андешаву гуфтору рафтори нек, андешаи хушии ҳамагонӣ, посдории ормони порсоӣ ва ободониву беҳсозӣ, расидан ба покии донишу биниш ва ҳамкорӣ бо пири порсо) камолоти маънавию ахлоқӣ пайдо мекунад ва аз қайду шартҳои гетӣ озод шуда, ба ҷаҳони минуӣ васл мешавад.

Дар адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Гетиро бисёр мутафаккирони асрҳои миёна бо олами зулмонию ҷисмонӣ баробар медонистаанд, аз ҷумла, он дар шеър ба ҳамин маъно фаровон истифода шудааст:

Сипеҳре бар ин гуна бар пой кард
Шабу рӯзро гетиорой кард

Фирдавсӣ

Худоё, то ҷаҳонро обу ранг аст,
Фалакро давру гетиро диранг аст.

Низомӣ

Ҳар он ки гардиши гетӣ ба кини ӯ бархост
Ба ғайри маслиҳаташ роҳбарӣ кунад айём

Саъдӣ

Ҳамчунин таъбирҳои фаровоне шомили лафзи гетӣ корбурд шудаанд, аз қабили: гетиоро (ороишдиҳандаи гетӣ ), гетиофарин (офаринандаи ҷаҳон), гетихидев (подшоҳи ҷаҳон), гетидовар (довари олам), гетихиром (киноя аз подшоҳе, ки саросари ҷаҳонро сайр карда бошад) ва ғ.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • История таджикской философии с древнейших времен до XV в. Д. , 2009;
  • آشتیانی جلال الدین. زردشت، مزدایسنا و حکومت. تهران، تهران، 1351؛
  • وحیدی حسین. پژوهشهای در آرمان پارسایی در ایران. تهران، 1353؛
  • فرهنگ مهر. فلسفۀ زردشت. تهران، 1375؛
  • دهخدا. لغت نامه. جلد13. تهران،1998.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]