Гиббереллин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гиббереллин — моддае, ки ба рушду нумӯи рустанӣ таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамагӣ 27 намуди гиббереллин маълум буда, мансуби дитерпеноидҳои тетрасиклианд; дар муҳити ишқорию асидӣ (кислотагӣ) вайрон мешаванд. Воҳиди сохтории асосии гиббереллин гиббереллини ГК9 (I) аст; гиббереллинҳои боқӣ ҳама ҳосилаҳои он мебошанд. Аз нигоҳи биологӣ, хусусан, асиди гиббериллат (ГК3) фаъолияти бештар дошта, аз ГК9 бо мавҷудияти гидроксил дар карбонҳо (бо тирча нишон дода шудааст) ва банди дучанда (II) фарқ мекунад; массаи мол. 346,39, ҳарорати гудозишаш 233–235°С. Гиббереллинро соли 1926 олими ҷопонӣ Е. Куросава ҳангоми таҳқиқи касалии шолӣ, ки занбӯруғи Gibberella fijikuroi ба вуҷуд меорад, кашф кардааст. Соли 1935 олими дигари ҷопонӣ Т. Ябута онро аз ин занбӯруғ дар шакли кристаллӣ ҷудо кард ва гиббереллин номид. Гиббереллин, асосан, дар бофтаҳои зудсабзи рустаниҳои олиташаккул, тухму меваи хом, ниҳоли навруста ва барг мавҷуд аст. гиббереллин унсури муҳимми таркиби омилҳои танзими рушди рустаниҳост. Он ба тақсим шудани ҳуҷайраҳои нуқтаи сабзиш ва гулшукуфту самароварии рустаниҳо таъсири хуб мерасонад. Аҳаммияти гиббереллин дар рушди поя ва муғчаи рустанӣ нисбат ба ауксинҳо бештар аст. Норасоӣ ва ё барзиёдии гиббереллин боиси паканагӣ ё аз ҳад зиёд қад кашидани рустанӣ мешавад. Гиббереллинро барои зиёд кардани нахи зиғиру канаб, калон шудани ғужби ангур, зуд ба ҳосил даромадани помидор, неш задани тухмӣ, нашъунамои алафзорҳо ва ғ. истифода мебаранд. Асосан гиббереллини консентратсияаш 50–100 ва баъзан 100–500 мг/л ба кор бурда мешавад (100–150 г/га). Гиббереллин барои одаму ҳайвонот безарар аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муромцев, Г. С., Пеньков Л. А. Гиббереллины. М., 1962;
  • Чайлахян М. Х., Саркисова М. М. Регуляторы роста у виноградной лозы и плодовых культур. Ереван, 1980;
  • Муромцев Г. С., Агнистикова В. Н. Гиббереллины. М., 1984; Полевой В. В. Фитогормоны. Л., 1982;
  • Муромцев Г. С. Гиббереллины. М., 1984;
  • Садовская В. Л., Нагубанова Л. А. ва дигарон. Микробный синтез гиббереллинов ГА 4 и ГА 7 штампами F. monforroe.//Микроорганизмы в сельском хозяйстве. М., 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]