Гиббонҳо
Гиббонҳо | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Hylobatidae Gray, 1870 | ||||||||||||
Ҷинсҳо | ||||||||||||
|
Гиббо́нҳо (лот. Hylobatidae) — оилаи маймунҳои одамшакли хурд; мансуби гурӯҳи приматҳо.
Гиббонҳо ду ҷинс доранд: гиббон (Hylobates), ки аз 6 навъ иборат аст ва сиамангҳо (Symphalangus), ки як навъ (S. syndactylus)-ро муттаҳид месозанд (ангуштони 2 ва 3-юми пои онҳо бо парда пайваст шудаанд). Дарозии тани гиббонҳо 40-64 см, вазнаш 9,5-12,5 кг (баъзан 20 кг) аст. Дасти хеле дароз (то 2 м) ва пашми ғӯлӣ доранд. Рангашон хокистарӣ ё зарди сиёҳтоб буда, бештар дар дарахтон рӯз мегузаронанд. Ғизои гиббонҳо мева, барг, муғҷа, ҳашарот ва тухму чӯҷаи парандаҳост.
Гиббонҳо аслан аз Хитойи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, ҷазираҳои Суматра, Ява, Калимантан мебошанд. Ватани сиамангҳо ҷазираи Суматра ва нимҷазираи Малакка (иёлати Селангор) аст. Гиббонҳо ҷуфт-ҷуфт ё гала-гала аз 6 то 20-30-сарӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳайвони бисёр чолок буда, бо ёрии даст аз дарахт ба дарахт 10-12 м меҷаҳад. Гиббонҳо хона намесозанд ва дар болои шоху навдаҳои сербарг хоб мераванд. Овози гиббонҳо хеле баланд буда, ба дуриҳо паҳн мешавад. Хусусан гиббонҳои сиёҳ ва сиамангҳо бештар фарёд мезананд. Даври ҳамли гиббонҳо 210—235 рӯз аст; дар ҳар фасли сол метавонанд таваллуд кунанд. Гиббонбачаҳо дар 5-10-солагӣ болиғ мешаванд. гиббонҳо 30-35 сол умр мебинанд. Онҳоро дар боғи ҳайвонот низ нигоҳ медоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Брэм А. Жизнь животных. М., 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гиббонҳо / А. Саидов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.