Гилгамеш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гилгамеш
Hero lion Dur-Sharrukin Louvre AO19862.jpg
Таваллуд номаълум
Даргузашт номаълум
Падар Lugalbanda[d]
Модар Ninsun[d]
Фарзандон Ur-Nungal[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Гилгамеш (шум. 𒄑𒂆𒈦 𒄑𒂆, аккад. dgilgameš3) — қаҳрамони ҳамосаи шумериву аккадӣ ва яке аз шоҳони сулолаи аввали Урук (охири асри 27 — аввали асри 26 то м.), писари Лугулбанд, фармонравои Урук дар Бобил.

Ӯро пас аз маргаш маъбуд хонда, ҳамчун писари илоҳа Нинсун — аз насли эзади офтоб Уту, ки довари охирату ҳомӣ аз аҳриманҳову дигар қувваҳои бадист, ба олами эзадон пайванд доданд. Дар забони аккадӣ дар бораи ӯ достони бисёр гуфтаанд, ки куллан дар шарҳи як сафари пурмоҷарост. Сафари пурмоҷарои шоҳе, ки мехост умри ҷовидона дошта бошад. Комилтарин матни мавҷуди ин ҳамоса дар 12 лавҳи ноқиси аккадӣ ба хатти мехӣ (танҳо лавҳи 11 он мукаммал маҳфуз мондааст) аз китобхонаи Ошурбонипол дар Нинева ба даст омадааст. Бахшҳои гумшудаи ин лавҳҳоро дар бархе аз гӯшаҳои Осиёи Хурд пайдо кардаанд. Баъзе аз бахшҳои ин ҳамоса дар қолиби 5 матни кӯтоҳ ба забони шумерӣ дар лавҳҳое аз нимаи аввали ҳазораи 2 то м. ба даст омадааст. Гилгамеш дар ин ҳамоса шахсест, ки дар нимаи аввали ҳазораи то м. дар Урук, дар ҷануби Миёнрӯдон (Байнаннаҳрайн) ҳукумат мекард. Номаш дар феҳристи шумерии шоҳон пас аз Тӯфони Нӯҳ низ омадааст. Ривояти ниневаии ҳамоса бо муқаддимае дар ситоиши Гилгамеш оғоз мешавад, ки қаҳрамонест нимахудо, созандаву ҷанговаре бузург ва донои ҳамаи умури баҳру бар. Худои худоён Ону барои рафъи ситамкории Гилгамеш Енкидуро ба манзалаи ҳамоварди вай меофаринад, ки ба гунаи инсони ибтидоиву ҷонвархӯ буда, дар миёни ҳайвонот мезистааст. Енкиду дар андак замоне бо русуми зиндагии мутамаддин ошно мешавад ва ба Урук, ки Гилгамеш он ҷо дар интизораш буд, меравад. Лавҳи дуввум шарҳи зӯрозмоии ҳар ду мебошад, ки Гилгамеш дар он ғолиб меояд. Аз ин пас Енкиду ёру ҳамроҳи Гилгамеш мешавад. Сипас (дар лавҳои 3 то 5) ҳар ду ба ҷанги нигаҳбони ҷангали Садри Ҳувава мераванд, аммо шарҳи муборизаи онҳо дар лавҳҳо наёмадааст. Дар лавҳаи 6 аз бозгашти Гилгамеш ба Урук ва пешниҳоди издивоҷи илоҳаи ишқ Иштарро рад карданаш сухан меравад. Бо ёрии Енкиду Гилгамеш барзаговеро, ки илоҳа ба қасди ҷонаш равона карда буд, мекушад. Дар лавҳи 7 омадааст, ки эзадон Ану, Еа ва Шамас Енкидуро ба сабаби куштани гов ба марг маҳкум карданд. Вай бемор мешавад ва дар хоб «хонаи хокӣ»-еро мунтазири хеш мебинад. Дар лавҳи 8 ҳикоят сӯгвории Гилгамеш барои Енкиду ва маросими ба хок супорида шуданаш омадааст. Дар лавҳҳои 9 ва 10 аз сафари пурхатари Гилгамеш дар ҷустуҷӯи Утнопиштим, яке аз раҳоёфтагон аз Тӯфони Нуҳ сухан меравад. Маҳз аз ҳамин шахс Гилгамеш мехост сирри бемаргӣ (ҷовидонагӣ)-ро биёмӯзад. Вайро пайдо мекунад, ҳикояти Тӯфони Нуҳро аз забонаш мешунавад. Утнопиштим нишонии гиёҳеро, ки умри ҷовидонӣ (бемаргӣ) мебахшад, ба ӯ медиҳад (лавҳи 11). Гилгамеш гиёҳро ба даст меоварад, аммо море онро мерабояд ва Гилгамеш ноком ба Урук бармегардад. Дар лавҳи 12 қиссаи гум шудани ашёе ба номи пукку ва микку (шояд чӯбу табл) нақл мешавад, ки Иштар ба Гилгамеш додааст. Дар бахши охири ҳамоса омадааст, ки рӯҳи Енкиду ба назди Гилгамеш меояд ва қавл медиҳад, ки он ашёро барояш пайдо мекунад. Инчунин Енкиду ба Гилгамеш аз ҷаҳони ғамангези мурдагон ҳикоят мекунад. Ва ниҳоят Гилгамеш дарк менамояд, ки дарёфти ҷовидонагии ҷисмӣ (бемаргӣ) ғайриимкон аст. Бемарг, ҷовидон инсонест, ки зиндагонии шарофатмандонаву арзанда доштааст ва амалҳои нек анҷом додааст. Достони Гилгамеш беш аз ду ҳазор сол гумном буд. Дар асри 19 бостоншиносон онро кашф карданд. Шарқшиноси англис Ҷ. Смит соли 1872 ин асарро таҳқиқ ва ба хонандагон шинос кард. Достон сохти дақиқ дорад, бо забони шевову равон суруда шуда, яке аз шоҳкорҳои адабиёти ҳамосии ҷаҳон ба шумор меравад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Эпос о Гильгамеше (О всё видавшем) / Перевод с аккедского И. М. Дьяконова. М.; Л., 1961;
  • Афансаьева В. К. Гильгамеш и Энкиду. Эпические образы в искусстве. М., 1979;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.
  • دانشنامه دانش گستر. جلد ۱۴. تهران، ۱۳۸۹

Сарчашма[вироиш]