Гилйотина
Гилйоти́на (фр. guillotine) — дастгоҳе, ки бо он сари маҳкумшудагон ба ҷазои қатлро мебуриданд.
Номи гилйотина аз насаби пизишки фаронсавӣ Ж. И. Гилйотен (1738—1814) гирифта шудааст. Ӯ баъди интихоб шуданаш ба Ассамблеяи Миллӣ (соли 1789) пешниҳод кард, ки барои дар муддати кӯтоҳтарин ва бо роҳи осонтар анҷом додани ҷазои қатл танҳо як усул — буридани сари маҳкумшудагон тавассути дастгоҳи махсус истифода шавад. Ин пешниҳоди Гилйотен ба Кодекси ҷиноятии Фаронса ворид карда шуд ва он соли 1791 ба ҳукми қонун даромад. Қисми асосии гилйотина теғи тези паҳну вазнини мутаҳаррики овезон буд. Ҳангоми раҳо кардани теғ он босуръат ба поён фуруд омада, сари маҳкумшударо, ки дар пойгоҳи дастгоҳ мехобид, аз тан ҷудо мекард. Нахустин бор ҷазои қатл тавассути гилйотина дар назари оммаи мардум 25.4.1792 дар майдони Греви Порис анҷом дода шуд. Минбаъд гилйотина хусусан дар давраи Инқилоби бузурги Фаронса барои ба қатл расонидани мухолифони инқилоб дар майдону хиёбонҳо васеъ истифода мешуд. Соли 1939 истифодаи гилйотина барои адои ҷазои қатл дар маҳбасҳо ҷорӣ гардид. Охирин ҷазои қатл дар Аврупои Ғарбӣ тавассути Г. 10 сентябри 1977 дар Марсел, дар замони ҳукмронии Президенти Фаронса Жискар д´Эстен анҷом дода шуд (мақтул — араб Ҳомид Ҷандубӣ) ва баъд аз ин ҷойгоҳи гилйотина осорхона гардид. Гилйотина ҳамчунин дар баъзе кишварҳои дигар бо номҳои гуногун истифода мешуд; аз ҷумла, дар Итолиё (то соли 1870), Олмон (то соли 1949). Аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфе, ки тавассути гилйотина ба қатл расонида шуданд, Людовики XVI, А. Лавуазйе, М. Робеспйер (дар Фаронса), Ю. Фучик, Мусо Ҷалил (дар Олмон) мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гилйотина // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Кёстлер А., Камю А. Размышления о смертной казни. М., 2003.