Гилкишт
Гилкишт (лот. Terra eretria), гили замини кишт — маҷмӯъи чанд навъи гил, ки дар киштзор дучор меоянд.
Дар бораи гилкишт ва хосиятҳои давоии он дар китобҳои тиббии қадим маълумоти ҷолиб дода шудааст. Мас., Ибни Сино аз забони Дисқуридус (Диоскорид) оварда, ки «…гили замини кишт бархе бисёр сафед буда, бархе хокистарист ва ин беҳтар аз гили сафед ва нармтар аз он бувад. Агар онро бар порае аз мис бисованд, аз совидани он ранги зангор ҳосил шавад. Онро гоҳе чун шустани сафеда (Plumbum aceticum) баъд аз якчанд бор бар он об рехтан бигузоранд, то оби он равшан шавад. Ин гилро андар офтоб гарм карда, даҳ рӯзи дигар дубора чунин такрор кунанд. Сипас онро андар офтоб бисованд ва аз он ба таври дилхоҳ қурсҳо бисозанд». Ба гуфтаи Ибни Сино гилкишт нерӯи қабзӣ, сардӣ ва нармӣ дорад, решҳоро гӯшт мерӯёнаду ҷароҳатро ба ҳам меоварад. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки гилкишт навъи махсуси каолин аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гилкишт / Д. Халифаев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Халифаев Д., Ҳоҷиматов М. Гил ва гилдавоӣ. Д., 2002.