Jump to content

Гилфишон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
330.994x330.994пкс

Гилфишон (форсӣ: گل‌فشان‎), вулканҳои лойфишон (англ. Mud volcano), салзаҳо, макалубаҳо — талҳои лойфишони махрутии нӯгбурида ё қифмонанд.

Мунтазам ё ҳар сари чанд вақт массаҳои лой ва газро аксаран бо обу нафт ба рӯйи Замин мебароранд. Асосан дар ноҳияҳои нафтдору вулканӣ, дар қуллаҳои кӯҳҳои чиндори ҷавон, дар наздикии вулканҳо, делтаи сернабототи дарёҳо вомехӯранд. Гилфишонҳо дар нимҷазираҳои Таман, Керч ва Апшерон, Озарбойҷони Шарқӣ ва Туркманистон, Итолиё, Исландия, Зеландияи Нав, Амрикои Марказӣ маълуманд. Бузургтарин Гилфишонҳо 10 км қутр ва 700 м баландӣ доранд.

Гилфишонҳо ҳангоми дар ноҳияҳои сернаботот пайдо шудан ба фаъолияти хоҷагии инсон таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар нимҷазираи Таман гилфишонҳо дар кӯҳҳои Миска ва Глиная (дар Темрюк), инчунин дар деҳа (станитса)-и Голубитская бо лойқаи шифоӣ мавҷуданд. Ба ин вулканҳо аз Анапа ва дигар осоишгоҳҳо ба саёҳат мераванд. Аз ҷиҳати гилфишонҳо Озарбойҷон дар ҷаҳон ҷойи якумро ишғол мекунад. Аз 800 гилфишони маълум тақрибан 350-тоашон дар ин ҷо ҷойгиранд.

  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.