Гирдакмуруд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гирдакмуруд — як навъ муруди маҳаллӣ.

Дарахташ дар заминҳои лалмӣ 2,5-4 м, дар заминҳои обӣ 7-9 м қад мекашад. Шохсораш аҳромшакл ё байзамонанд. Пӯстлохи танааш хокистарранги равшан; пӯстлохи шохаҳои наваш ҷигарии зардтоб буда, доначаҳои равшани наскмонанд дорад. Муғҷаҳояш майдаи гирда, пулакчаҳояш ҷигарии бепат. Баргаш майда (дарозиаш 3,5-4 см, бараш 2,5-3,5 см), байзашакл, канорҳояш бедандона, рангаш сабзи равшан. Мевааш миёнаҳаҷм (вазнаш 46-50 г, қадаш 48-50 мм, қутраш 42-46 мм), мудаввар, пӯсташ ғафс, зарди ҷилодор (ҳангоми пухтан). Гӯшташ гулобии сафед, камоби ширин, андак нордон; 7-10 дона тухми ҷигариранг (0,7-0,8 см) дорад. Даҳаи дуввуми моҳи сентябр мепазад. Мевааш 12,02 % қанд ва 0,13 % туршӣ дорад. Меваашро тар мехӯранд; онро 2-2,5 моҳ нигоҳ доштан мумкин.

Гирдакмурудро аз тухм ва бехҷаст зиёд мекунанд. Ниҳолаш соли 7-9-уми шинондан бор меоварад. Аз як дарахташ 150—200 кг ҳосил мегиранд. Дарахти 80-солаи онро пайдо кардаанд. Ба камобӣ, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо тобовар аст. Навъи худрӯяш дар деҳаҳои кӯҳистони Ҳисор дучор меояд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]