Jump to content

Гирдаксеб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гирдаксеб, дӯлак, дулак — навъе аз себҳои миёнапазаки маҳаллӣ; селексияи халқист.

Баргаш тухмшакл (дарозиаш 4,5–8 см, бараш 4–5 см), дандонадор, дарозии думчааш 1,8–3 см. Мевааш гирдаи устувонашакл (дарозиаш 3,5–5,5 см, бараш 3,1–4,3 см, вазнаш 28–50 г), рангаш асосан сафеди сабзча (то нимааш рахшҳои сурхтоб дорад), гӯшташ сахти карсосӣ, сафедча, серобу ширин. Мевааш охири июл – аввали август якбора мепазад. Дар ҳолати саривақт ҷамъоварӣ накардан бештари ҳосилаш мерезад. Меваашро тару тоза истеъмол мекунанд; барои ба дигар ҷойҳо кашондан мувофиқ нест (ҳамагӣ 10–15 рӯз нигоҳ доштан мумкин). Дарахташ миёнасабз, ниҳоли пайвандиаш баъди 3–4 сол самар меорад. Аз 10 то 30-солагӣ (солдармиён) ҳосили фаровон медиҳад. Аз дарахти 15–20-солааш 55–70 кг ҳосил меғундоранд. Г. ба сармо ва камобӣ тобовар буда, дар заминҳои лалмии сербориш хуб месабзад (махсусан дар навоҳии наздикӯҳии Кӯлоб ва водии Ҳисор). Бештар аз гулхӯрак ва мевахӯраки себ зарар мебинад.

  • Яковлев П. И. Лучшие местные сорта яблонь// Плодоводство Таджикистана. Сталинабад, 1948;
  • Назиров Ҳ. Н. Себҳои маҳаллӣ ва нигоҳдорандагони гуногуни он. Д., 2012.