Jump to content

Гирдобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гирдобӣ — навъи нақш дар санъати ороиши амалӣ ва тасвирӣ, ки шакли гирдобро дорад.

Ин нақш аз замонҳои қадим дар кандакорию гачкорӣ ва тасвири деворнигораҳо фаровон ба назар мерасад. Дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим аспҳои обӣ дар гирдоби дарё тасвир ёфтаанд. Ҳамчунин мавҷҳои даврашакли дарё дар санъати гулкории тоҷикон мавқеи намоён доранд. Дар санъати гачкории Варахша гирдобҳое тасвир ёфтаанд, ки дар умқашон моҳиён шино доранд. Махсусан минётурнигорони асрҳои миёна мавҷи дарёро дар нусхаи нақшии гирдобӣ тасвир мекарданд. Гирдобӣ минбаъд дар ороиши ҳошияҳои гачкорию кандакорӣ васеъ истифода мегардид. Кандакории рӯи чӯби Мақбараи Ҳазрати Шоҳ Подшоҳ (асрҳои 10-12, Чоркӯҳи Исфара) ва масҷиди Лангарота (асрҳои 15-16, вилояти Қашқадарё) аз намунаҳои гирдобии нисбатан қадимианд. Ин навъи нақш ҳоло дар гулдӯзии мошинӣ (махсусан ороиши ҳошияҳо) ривоҷ дорад.