Гиреҳи мадор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гиреҳи мадор — нуқтаи кураи Осмон, ки дар он ҳамвории мадори ҷирми осмонӣ ҳамвории шартиро (ки нуқтаи сарҳисоб дониста шудааст) бурида мегузарад.

Баъзан худи нуқтаи буриши мадор ва ҳамвории асосиро низ гиреҳи мадор меноманд. Ду навъи гиреҳи мадор — гиреҳи тулӯъкунанда (болорав) ва гиреҳи пастшаванда (поёнрав) мавҷуд аст.

  • Гиреҳи тулӯъкунанда (онро гиреҳи шимолӣ низ меноманд) нуқтаест, ки дар он ҷирми осмонии аз рӯи мадор ҳаракаткунанда ҳамвории шартиро ба самти шимол мебурад, яъне, аз Нимкураи ҷанубии кураи Осмон ба самти Нимкураи шимолӣ ҳаракат мекунад.
  • Гиреҳи пастшаванда (гиреҳи ҷанубӣ) нуқтаест, ки дар он ҷирми осмонӣ ҳамвории шартиро ба самти ҷануб мебурад (аз Нимкураи шимолӣ ба самти Нимкураи ҷанубӣ ҳаракат мекунад).

Гиреҳи тулӯъкунанда бо аломати астрономии бурҷи Асад (Ω) ва гиреҳи пастшаванда бо аломати астрономии чаппагардони ин бурҷ (Ʊ) ишора карда мешавад. Чунин ном гирифтани гиреҳҳо ба он вобаста аст, ки дар гиреҳи тулӯъкунанда ҳаракати ҷирм дар Нимкураи шимолии Замин ба чашми бинанда аз поён ба боло ва дар гиреҳи пастшаванда аз боло ба поин намоён мешавад. Ҳамвории асосии сайёраҳо, зузанабҳо ва Моҳ эклиптика маҳсуб шуда, вазъи гиреҳҳоро дар кураи Осмон аз рӯи тӯли эклиптикиашон муайян мекунанд. Ҳангоми муайян кардани мадори радифони маснӯи Замин ҳамвории экватори осмонӣ ҳамвории асосӣ дониста шуда, вазъи гиреҳҳоро тулӯи мустақими онҳо муқаррар менамояд. Тӯли гиреҳи тулӯъкунанда ва тулӯи мустақими гиреҳи тулӯъкунанда ҷузъҳои мадор мебошанд. Дар ситораҳои дугона нуқтаҳои буриши мадори онҳо ва ҳамвории ба нури босира амудӣ ҷойгиршуда гиреҳи мадор мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]