Гиреҳкушоии воқеа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гиреҳкушоии воқеа — бахши муҳимми сужети асарҳои ҳамосӣ ва намоишӣ, ки ба натиҷаи бархӯрди моҷароҳо (интрига) ва шахсиятҳо иртибот мегирад ва маъмулан баъди ба авҷу шиддати ниҳоӣ (кулминатсия) расидани воқеаҳо ба амал меояд.

Замоне, ки дар асар ҳамаи низоъҳо ҳал мешаванд ва бархӯрду талошҳо ба анҷом мерасанд, воқеаҳо низ ба нуқтаи анҷом мерасанд, ки онро Гиреҳкушоии воқеа мегӯянд. Ҷои он дар бештари мавридҳо охири асар аст ва натиҷаи инкишофу анҷоми табиии воқеаҳо мебошад гиреҳкушоии воқеа метавонад дар оғози асар ояд. Дар ҳар маврид он вобаста ба мақсади ғоявию бадеии нависанда дар тасвири табии воқеаҳо бо таъсирбахш гардидани онҳо мусоидат менамояд. Агар гиреҳкушоии воқеа дар оғоз ояд, ба ҷуз аз вазифаи ғоявӣ, ҳамчунин сабаби афзудани ҷанбаи ҳаяҷонбахшӣ ва шавқангезии сужет мегардад. Мас., дар романи «Дохунда»-и С. Айнӣ ҳалли зиддиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ бо ғалабаи Инқилоби Октябр ва бунёди сохти шӯравӣ меанҷомад, ки Гиреҳкушоии воқеа дар ин асар мебошад. Дар достони «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода низои Ҳасан бо муҳити иҷтимоии давр ва набарди ботинию ахлоқӣ бо худаш бо ғалабаи дигар шудани ҷаҳонбинӣ, шаклгирии инсони нав меанҷомад. Аммо дар қиссаи С. Айнӣ «Марги судхӯр» гиреҳкушоии воқеа таври дигар, омехта бо шиддату ҳалли низоъҳо, ба амал меояд. Марги Қорӣ Ишкамба, ки бо шунидани хабари ғалабаи Инқилоби Октябр фаро расидааст, ҳам кулминатсияи инкишофи воқеаҳо ва ҳам гиреҳкушоии воқеа мебошад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т. Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1966;
  • Литературный энциклопедический словарь. М., 1987.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]