Гиреҳ (наққошӣ)
Гиреҳ (форсӣ: گره) — навъи нақш дар ҳунари меъморӣ ва ҳунарҳои ороишист, ки мувофиқи нусхаи асл (соянақш) нақшҳо ба ҳам пайвасту такрор меоянд.
Навъҳои гуногуни он дар ҳунарҳои мунаббаткорӣ, кошикорӣ, гачкорӣ, хотамкорӣ, кори рӯи хишти хому пухта, оинакорӣ, сангкорӣ, дуредгарӣ (аз қабили дару тирезаҳо, минбарҳо, ороишоти чӯбӣ) ва оҳангарӣ низ истифода мешаванд. Гиреҳро аз гач, оина, хишти пухта, оҳан ва ғ. месозанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунари гиреҳсозӣ дар асрҳои 9-19 дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон, Ҳинду Ироқ, Қафқозу Мисру Тунису Мағриб маъмул буд. Асрҳои 12-16-ро даврони пешрафти ин ҳунар дар Осиёи Миёна медонанд. Донишманди тоҷик Абулвафои Ҷузҷонӣ (асри 11) дар китоби «Аносири ҳандасӣ» дар бораи 20 навъи гиреҳи ҳандасисохт маълумоти муфассал овардааст, ки аз ривоҷи бевоситаи ин ҳунар дар Хуросон гувоҳӣ медиҳад ва он бавижа дар асрҳои 12-16 пешрафти чашмгире доштааст. Мақбараи Мирсаид Баҳром (Кармина), корвонсаройи Работи Малик (Хева), қалъаи Афросиёб (Самарқанд), манораҳои Вобканд, Ҷарқӯрғон, Манораи Калон (Бухоро), мадрасаҳои Улуғбек, Шердор, Тилокорӣ, Масҷиди Бибихоним, аксари биноҳои маҷмааи Шоҳи Зинда, Ишратхона (Самарқанд) ва ғ. бо беҳтарин намунаҳои гиреҳ зинат ёфтаанд. Гиреҳсозӣ тазйинотеро мегӯянд, ки ба сурати ҳунарӣ ва бо қоидаҳои мушаххас тасвир меёбад. Навъҳои гуногуни гиреҳ дар ороиши меҳроб, пештоқ, гунбаз, шифт, дару дарвоза, панҷара ва дигар қисматҳои мадрасаву масҷид ва хонақову манзилгоҳ ба назар мерасанд. Ҳунармандон навъҳои гиреҳи нафису зарифро дар чӯб, гач, санги мармар, кошӣ ва зарфҳо (обдаста, табақу ҷому гулдон ва ғ.) ба таври фаровон истифода мебаранд. Дар кандакорӣ ва наққошии асрҳои 5-8 (Панҷакент, Кофирқалъа, Аҷинатеппа, Варахша, Истаравшану Шаҳристон) намунаҳои содаи гиреҳ ба назар мерасанд. Дар асрҳои 9-12 ва минбаъда ҳунари гиреҳ аз лиҳози сохтори нақшӣ ва гуногунии рангҳо мукаммалтар мегардад. Дар асрҳои 14-15 хусусан дар меъморӣ гиреҳ бо умқи ҳандасиаш ҷилои нав гирифт. Дар замони империяи Темури Курагон дар пойтахти ӯ — Самарқанд беҳтарин устоҳои Исфаҳон, Шероз, Табрез, Бағдоду Бухорову Самарқанд ҷамъ омада, нақшҳои гиреҳ ва ислимиро такмил доданд. Таркиби гиреҳ мураккаб бошад ҳам, аз порчаҳои маъмулии муқаррарӣ иборат аст, ки ҳар яки онро «тақсим» меноманд. Гиреҳбандӣ дар гач (асрҳои 10-11), хишт, сафол (асри 12), кошӣ, чӯб, санг (асри 14) ва ғ. вомехӯрад. Гиреҳбандӣ дар меъморӣ қонунҳои хоссу ҳисобшудаи худро дорад ва ҳар расми ҳандасӣ, ки шаклеро ташкил диҳад, гиреҳ ба ҳисоб намеояд, танҳо гиреҳҳое пазируфтаву дуруст ҳастанд, ки аввалан онҳо бо олатҳои шинохташудаи гиреҳсозӣ сохта шуда бошанд. Сониян, гиреҳҳое мавриди қабуланд, ки дар батни онҳо рамзҳову гиреҳҳои дигар нуҳуфта бошанд. Секунҷа (гунёи форсӣ), коғаз (чоркунҷа, росткунҷа), гарда, сӯзан, паргор ва ғ. аз олот ва лавозимоти асосии гиреҳбандианд. Гиреҳ аксар аз тасвироти гуногуни чаҳорхона, сесара, чаҳорлинга, ғозпой, барги чинор ва ситораҳои бисёргӯша иборат буда, тасвироти мураббаъро гиреҳи чаҳор, ситораҳои панҷгӯшаро гиреҳи панҷи тез ва ғ. меноманд. Гиреҳ чанд навъ дорад: гиреҳи чаҳорхона, чаҳоркалид, бодом, панҷ, шаш, ҳашт, даҳ, дувоздаҳ, сиюду ва ғ. Гиреҳҳои мазкур дорои ашколи мухталифанд: гиреҳи панҷи кунд, панҷи тез, шаши кунду тез, шаши кунд, шаши панҷнок, шаши тез, шаши секунҷа, шаши чаҳорхона, ҳашти тезу панҷи тез, ҳашти сесардор, даҳи ғозпой, дувоздаҳи панҷадор, дувоздаҳи барги чанор, дувоздаҳи чаҳорлинга ва ғ. Агар дар байни нақш ситораи даҳгӯша ва дар атрофи он ситораҳои панҷгӯша ҷой гирифта бошанд, онро «гиреҳи тезу панҷи тез» меноманд. Шумораи гӯшаи ситораҳо аз 3 то 32 мешавад. Дар наққошӣ бештар гиреҳи 5, 6, 8… 16-қира ба назар мерасад. Гиреҳи 24, 26, 28… -қира танҳо дар ороиши гунбадҳо дида мешавад. Қираҳо аксар ҷуфт буда, дар натиҷаи баробар тақсим кардани давра ба вуҷуд меоянд. Давраро имкон надорад баробар ба 7, 9, 11, 13 ва дигар шумораи тоқ тақсим кард, аммо, сарфи назар аз он, устоҳои моҳири асрҳои гузашта гиреҳи даҳи ҳафти панҷ ва дувоздаҳи нуҳи панҷдорро ихтироъ намудаанд, ки ин нақшҳо шакли нусхаҳои нотакрорро гирифтаанд. Барои боз ҳам беҳтар намудани сифати нусхаҳо наққошони хушсалиқа шаклҳои чаҳорлинга, барги чанор, бодом, тавл, туморча ва ғозпойро илова мекарданд. Гиреҳ дар нақшу нигори арақа, шарафа, ҳавза, муқарнас ва дигар ҷузъҳои дарунию берунии бино истифода мешавад. Дар санъати меъмории водии Фарғона (Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Хӯқанд, Истаравшан, Ашт) сутунҳои чӯбинро бо калламуқарнас оро медоданд. Дар гиреҳбандӣ хатҳои росту шикаста бо ҳуруфи кӯфӣ навишта шуда, нусхаҳои басо мақбулу аҷибро ба вуҷуд меоварданд. Номҳои «Аллоҳ», «Муҳаммад», «Алӣ», «Аҳад» ва амсоли онро дар ситораҳои шашгӯша ба шакли давра ва мураббаъ ҷой медоданд. Дар меъмориҳои муҳташами Бухорову Самарқанд гиреҳҳои нисбатан фароху бузургтар коргирӣ мешуданд. Дар ин маврид наққошон дохили гиреҳро бо нақшҳои ислимӣ пур мекарданд (мас., равоқи Мадрасаи Улуғбек, ки танҳо аз санги мармари Ғазғон (панҷгӯша, шашгӯша ва ғ.) бо нақши ислимӣ зинат дода шудааст). Гиреҳро барои зеб додани асбобҳои рӯзгор, дар ҳунари зардӯзӣ ва ороиши китоб низ истифода мебаранд. Дар пешбурди суннатҳои дерин ва такмилу таҷдиди гиреҳ наққошони тоҷик М. Олимов, Н. Сироҷиддинов, Ғ. Мансуров, сулолаи Соҳибовҳо, М. Самиев, сулолаи Яҳёевҳо ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд. Корҳои ҳунарии онҳо ин навъи ҳунари ороиши тоҷиконро аз лиҳози рангомезию бандубасти нақшҳо пурвусъат намудааст.
Дар меъмории имрӯзаи Тоҷикистон анвои гуногуни гиреҳро дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, Қасри Арбоб ва Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд, Қасри миллат, чойхонаҳои «Роҳат», «Хуррамшаҳр» (Данғара), «Хоруғ» ва Кохи Наврӯз истифода бурдаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Юнусова Н. З. Гулдӯзии тоҷикӣ. М., 1976; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Ноткин И. Ш. Бухарская резьба по ганҷу. Т., 1961; Ремпель Л. И. Архитектурный орнамент Узбекистана. Т., 1961;
- Ҳамон. Панжара. Т., 1967; Рузиев М. Декоративно-прикладное искусство таджиков. Д., 2003;
- Белинская Н. А. Архитектурно-прикладное искусство Таджикистана (XIX—XX вв.). Д., 2010
- قاضی احمد.گلستان هنر. تهران، ۱۳۴٥ هـ. ش.؛
- مصطفی علئ چلبی. مناقب هنروران.استنبل، ١۹٢۶؛
- دیست محمد هروی. حالات هنروران. اسلام آباد،.١۹ ۸ ١
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гиреҳ / М. Рӯзиев, А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.