Jump to content

Гиромии Хофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гиромии Хофӣ

Гиромии Хофӣ (форсӣ: گرامی خوافی‎), Гиромии Деҳлавӣ, Мир Абдурраҳмони Вазоратхон (? — 1712) — шоири форсигӯи Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниёгонаш аз Хофи Хуросон буданд. Гиромии Хофӣ дар Ҳиндустон, дар дарбори Аврангзеб хидмат мекард. Девони ашъораш шаш ҳазор байт дорад, ки дар Лоҳури Покистон соли 1933 чоп шудааст. Абёти зерин аз ӯст:

Фасли гул омаду ман тавбаи беҷо кардам,
Чӣ ситам бар қадаҳу ҷавр ба мино кардам!
Бо рафиқони зи худ рафта сафар даст надод,
Сайри саҳрои ҷунун ҳайф, ки танҳо кардам!