Jump to content

Глауконит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Глауконит
Формула (K, H2O) (Fe3+,Al,Fe2+,Mg)2 [Si3AlO10](OH)2×nH2O
Физические свойства
Цвет тёмный оливково-зелёный, синевато-зелёный, чёрно-зелёный, травяно-зелёный, жёлто-зелёный
Цвет черты зеленоватая
Блеск матовый
Твёрдость 2—3
Спайность хорошая по (010)
Излом зернистый
Плотность 2,2 — 2,8 г/см³
Сингония моноклинная

Глаукони́т (главконит, «замини сабз», аз юн.-қад. γλαυκός «сабзи рӯшан») — минерал, алюмосиликати оҳан, ба гурӯҳи ҳидроабрақ мансуб аст.

Таркибаш асосан аз дуоксиди силитсий (49-56 %), оксиди оҳан (то 21 %), оксиди алюминий (то 18%), оксиди калий (то 10 %), оксиди магний (то 7 %) ва об (то 10 %) иборат мебошад. Сохтори кристаллбандиаш моноклинӣ. Рангаш сабзу тира. Ранги глауконити оҳандор сабзи сиёҳтоб. Ранги хокааш сабз. Ҷилояш тира. Сахтиаш 2-3. Зичиаш 2200—2800 кг/м3. Гусехташ комил.

Глауконит минерали таҳшинӣ — аутигении баҳрист. Дар жарфнои начандон калони баҳр (50-150 м) ба вуҷуд меояд. Дар қишри фарсоиши сангҳои магмавӣ низ дучор омадааст. Баъзан дар натиҷаи бо таъсири гармобаҳои пастҳарорат тағйирёбии сангҳои асостаркиб пайдо мешавад. Дар байни ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ дар шакли донаҳои лунда ё кристаллҳои хурд вомехӯрад. Дар қаъри баҳр дар шакли гел таҳшин мешавад. Глауконит дар ҷинсҳои таҳшинии синнашон гуногун, махсусан мезозою кайнозой бисёр аст. Конҳои глауконит дар Мюнстерланди Олмон, Воскресенски вилояти Маскави Федератсияи Русия, Қазоқистон ва дигар ҷойҳо кашф шудаанд. Дар Тоҷикистон глауконит бештар дар таркиби регсангҳои давраи табошир ва палеоген дучор меояд. Глауконит барои истеҳсоли ранги сабз, нурии минералии калийдор, коагулянтҳо (обсофкунак) истифода мешавад.

  • Годовик А. А. Минералогия. М., 1975;
  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.