Гликозидҳо
Гликозидҳо — маҳсули пайвастшавии сахаридҳои сиклии 5- ва 6-узва бо пайвастҳои спиртмонанд ё фенолҳо.
Бандҳои гликозидӣ дар байни гурӯҳи гидроксили атсеталии сахаридҳо ва гурӯҳи спирти (ё гурӯҳҳои –NH ва –SH)-и компоненти ғайрикарбоҳидратӣ, ки агликон ном дорад (дар натиҷаи ҷудо шудани молекулаи об), ҳосил мешаванд. Вобаста ба иштироки атом (O–,N–,S–) дар ҳосил шудани банди гликозидӣ O–, N– ё S-гликозидҳо мавҷуданд. O– ва N– гликозидҳо бештар дар бофтаҳои набототу ҳайвонот ба мушоҳида мерасанд. Гликозидҳо асосан дар барг, гул ва меваи рустаниҳо ҷойгиранд. Баъзе гликозидҳои рустаниҳо чорворо заҳролуд месозанд. Гликозидҳоро дар тиб чун дору истифода мебаранд. Гликозидҳо ба ҳал шудани моддаҳои органикӣ мусоидат намуда, онҳоро ба таъсири рӯшноӣ ва ферментҳо пурбардошт мекунанд. Нуклеозидҳо дар таркиби кислотаҳои нуклеат вуҷуд доранд. Гликозидҳои рустаниҳо аз глюкоза, галактоза, ксилоза, рамноза ва ғ. иборатанд.
гликозидҳо, маъмулан, моддаҳои кристаллӣ ё сирешмонанд буда, аксари онҳо талх ва хушбӯянд. Дар об ва спирт ҳал мешаванд; ба таъсири ишқор тоб оварда, аз таъсири кислота ё ферментҳо гидролиз мегарданд. Гликозидҳо навъҳои гуногун доранд. Амигдалин дар таркиби донаки талхакбодом (2,5–3,5%), шафтолу, олуболу, олу, тухми себ, нок ва ғ. мавҷуд буда, барои ҳайвонот ва одам заҳри қотил аст (аз таъсири ферменти узвҳои ҳозима таҷзия шуда, кислотаи сианид ҳосил мекунад). Глюкованилин дар таркиби меваи ванил вуҷуд дорад. Ҳангоми гарм кардани мева ферментҳои он таҷзия гашта, моддаи хушбӯй – ванилин ва глюкоза ҳосил мекунад. Синигрин глюкозиди сулфурдор аст. Дар тухм, барг ва решаи хардал, турб, шалғамча, занҷабили шомӣ вуҷуд дорад. Флавонҳо ба рустанӣ рангҳои зард ва норанҷӣ медиҳанд, мас., кверситрин, рутин ва гесперидин, ки онҳоро Р-витаминҳо меноманд. Антотсианҳо дар натиҷаи оксидшавии флавонҳо ҳосил шуда, боиси ранги нилобӣ ва гулобӣ пайдо кардани гулу мева мегарданд. Гликоалкалоидҳо дар рустаниҳои оилаи авранҷиён мавҷуданд ва барои одаму ҳайвонот заҳрноканд. Мас., соланин дар таркиби баргу поя, лундак ва хусусан картошкаи нешзада бисёр аст; бинобар ин аз хӯрдани картошкаи норасида ё дар рӯшноӣ сабзгашта ҳайвон заҳролуд мешавад. Сапонинҳо моддаҳои аморфӣ ва дар об ҳалшавандаи заҳрнок мебошанд. Гликозидҳои дил моддаҳои заҳрноканд. Миқдори хеле ками онҳо ба бемориҳои дил таъсири муфид мерасонад. Дар тиб фаровон истифода мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кочетков Н. К., Торгов И. В., Ботвинник М. М. Химия природных соединений. М., 1961;
- Химия углеводов. М., 1967; Кретович В. Л. Основы биохимии растений. М., 1964;
- Тюкавкина Н. А., Бауков Ю. И. Биоорганическая химия. М., 1985.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гликозидҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.