Гликолиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гликолиз (аз юн. γλυκός — ширин ва юн. λύσης — таҷзия) — раванди таҷзияи анаэробӣ (беоксиген) ва ферментии карбогидратҳо (бештар глюкозаҳо) дар бофтаи ҳайвон, ки аз синтези кислотаҳои аденозинтрифосфат (АТФ) ибтидо гирифта, бо ҳосил шудани кислотаи шир (α-оксипропионат) ба итмом мерасад.

Ба рустаниҳо шакли тағйирёфтаи гликолиз хос аст. Маҳсули ниҳоии он кислотаи пироангур мебошад. Неруе, ки ҳангоми гликолиз хориҷ мегардад, барои фаъолияти андомгон (организм) истифода мешавад. Дар ҷонварони олиташаккул гликолиз дар мушак, дил, ҷигар ва эритроситҳо падид меояд. Ферментҳои гликолиз дар қисми ҳалшавандаи ситоплазмаи ҳуҷайра ҷой гирифтаанд. Гликолиз бо амали нафасгирӣ ва туршшавӣ сахт марбут аст. Дар ҳуҷайраҳои омос, эритроситҳои беядро ва бофтаҳои ҷанин гликолизи аэробӣ (бо иштироки О2) мушоҳида мешавад.

Гликолиз аз ташаккули ҳосили фосфордори сахаридҳо, ки барои аз шакли сиклӣ ба шакли ғайрисиклӣ табдил ёфтани онҳо мусоидат мекунад, оғоз меёбад. Ҷузъи марказии гликолиз оксидоредуксия аст. Дар натиҷаи он неру (энергия) озод мешавад. Реаксияи ҳосил шудани АТФ низ муҳим мебошад. Гликолиз бо ҳосил шудани кислотаи α-оксипропионат (кислотаи шир) зери таъсири лактатдегидрогеназа ва НАД-и барқароршуда анҷом меёбад. Ҳамин тавр, дар натиҷаи таҷзияи 1 молекула глюкоза 2 молекула кислотаи шир ва 4 молекула АТФ ба вуҷуд меояд. Дар раванди гликолиз 7 дарсади неруе, ки ҳангоми комилан то ба СО2 оксидонидани глюкоза ҳосил кардан мумкин аст, хориҷ мешавад. Ба гликолиз глитсерин ва баъзе аминокислотаву моддаҳои дигар низ дучор мегарданд. Дар бофтаи мушак, ки манбаи асосии гликолиз гликоген аст, раванд аз реаксияи гликогенолиз оғоз меёбад. Маҳсули умумии мобайнӣ барои гликогенолиз ва гликолиз глюкозо −6- фосфат аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]