Глиптика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гли́птика (фр. glyptique, аз юн.-қад. γλύφω — мебуррам, мековам) — ҳунари кандакорӣ дар рӯи сангҳои гаронбаҳо ё нимқимат, шиша, устухон. Яке аз навъҳои санъати ороиши амалӣ.

Ашёи сангие, ки дар рӯяшон хат, нақш ва ё аломате канда шудааст (муҳраҳои зағӯташакл, тӯмору асбобҳои ороишӣ). Чунин сангҳо дар Байнаннаҳрайн, Осиёи Пеш ва Миср аз ҳазораи 4 то м. маълум буданд. Баъдан анъанаи Глиптикаофаринии Байнаннаҳрайн дар Урарту (асрҳои 9-7 то м.), давлати Ҳахоманишиҳо (асрҳои 6-5 то м.) ва дигар мамлакатҳо маъмул гардид. Дар ин глиптикаҳо манзара, набототу ҳайвонот, портретҳо ва ғ. акс ёфтаанд. Глиптикаҳои Юнон ва Руми Қадим ниҳоят нафис ва дорои банду басти дақиқ буданд. Глиптика дар давраи Эҳё, бахусус класситсизм (асрҳои 18-19) дар Аврупо (аз ҷумла дар Русия) аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар охири асри 19 глиптика моҳияти худро гум кард. Ҳоло устоҳои сангтарош анъанаҳои Глиптикаофариниро ҳамчун навъи санъати заргарӣ давом дода истодаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]