Jump to content

Глиссада

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Глисса́да (аз фр. glissade — «лағжиш») — масири парвози дастгоҳи париш дар марҳалаи ба замин фуруд омадани он.

Ҳангоми парвоз дастгоҳи париш дар хатти парвозу нишаст аз рӯи глиссада ба қитъаи (хатти) нишаст ворид мегардад. Кунҷи байни ҳамвории глиссада ва ҳамвории уфуқӣ кунҷи тамоюли глиссада буда, яке аз нишондиҳандаҳои асосию муҳимми хатти парвозу нишасти майдони ҳавоӣ маҳсуб мешавад. Барои майдонҳои ҳавоии мулкӣ (гражданӣ) кунҷи тамоюли глиссада , одатан, дар ҳудуди 2–4,5о муайян шудааст. Бузургии кунҷи тамоюли глиссада ро дар қитъаи майдони ҳавоӣ мавҷуд будани садд (монеа)-ҳо тағйир дода метавонанд. Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба 3о баробар будани кунҷи тамоюли глиссада ро тавсия медиҳад. Раванди поёнравии ҳавопайморо то ба замин нишастанаш низ глиссада меноманд.