Глитсеридҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Глитсеридҳо — эфирҳои мураккаби глитсерин ва кислотаҳои органикӣ ё минералӣ. Моно-, ди- ва триглитсеридҳо маълуманд, ки мувофиқан дар молекулаашон як, ду ё се боқимондаи кислота доранд, масалан:

ROCOCH2 – CHOH – CH2OH;

ROCOCH2 – CHOH – CH2OCOR;

ROCOCH2 – CHOCOR1 – CH2OH;

ROCOCH2 – CHOCOR1 – CH2OCOR11, ки иловатан охириҳо метавонанд якхела ё гуногун бошанд.

Аз глитсеридҳои ғайриорганикӣ аҳаммияти триглитсериди кислотаи нитрат ё нитроглитсерин нисбатан бештар аст. Кислотаҳои карбонатии глитсерид ба таркиби равғанҳои рустанию ҳайвонот илова карда мешаванд. Глитсеридҳоро синтез кардан низ мумкин аст: мас., моно- ва диглитсеридҳоро зери таъсири мутақобилаи хлоргидрини глитсерин бо намаки филиззоти ишқории кислотаҳои карбонатии мувофиқ, триглитсеридҳоро дар натиҷаи этерификатсияи бевоситаи глитсерин бо боқимондаи кислотаҳо. Дар саноат аз глитсеридҳо собун ва глитсерин истеҳсол мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]