Глобулин
Глобулин (аз лот. globulus — саққо) — як навъи сафеда, ки мансуби протеинҳост.
Глобулинҳо дар табиат фаровонанд. Онҳо дар об ҳал нашуда, дар маҳлули обии намакҳои гуногун, кислотаҳои суст ва ишқорҳо ҳал мешаванд. Дар маҳлули нимсери сулфати аммоний, маҳлули сери сулфати магний (дар 30°С) ё сулфати натрий (дар 37°С) таҳшин мегарданд. Ҳангоми ба 50 % расидани ғилзати сулфати аммоний глобулин пурра таҳшин мешавад. Дар чунин ғилзати сулфати аммоний албуминҳо дар маҳлул мемонанд, бинобар ин, бо чунин усул омехтаи албуминҳо ва глобулинро аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин аст. Ба ин гурӯҳ глобулини тухм, зардоби хун ва шир, фибриногени хун, миозин ва миогени мушакҳо, фазеолини лӯбиёгиҳо ва глобулини зироати ғалладона мансубанд. Массаи молекулавии глобулин аз ҳазор то миллионҳост, мас., лактоглобулин — 41800, глобулини зардоби хун — 167000 ва ғ. Аксари глобулинҳо сафедаҳои содаанд, вале баъзеи онҳо (хусусан глобулини зардоби хун) бо карбогидратҳо ё липидҳо пайваст мешаванд. Глобулини ғадуди сипаршакл — тиреоглобулин (массаи мол. 630000) ягона сафедаест, ки дар таркибаш йод дорад. Глобулинҳои бофтаи асаб (нейроглобулин, нейростромин) бо кислотаҳои нуклеат пайваст шудаанд. Глобулини рустаниҳо (глитсинин, эдестин, легумин ва ғ.) нисбат ба глобулини ҳайвонот ба таъсири спирт ва ҳарорат устуворанд. Глобулини ҳайвоноти олиташаккул ва одам ба таркиби ситоплазма, плазмаи хун ва лимфа дохил мешаванд. Хусусан глобулини плазмаи хун муҳим аст. Глобулини плазмаро Тизелиус ном олим бо роҳи электрофорез ба се ҷузъ — α-, β- ва γ- ҷудо намуда исбот кард, ки он аз омехтаи сафедаҳои мутаҳаррик иборат аст. Олимон Кон ва Эдсалл бошанд, муқаррар намуданд, ки барои ҷудо кардани ҷузъҳои глобулин бо спирт дар ҳарорати паст таҳшин намудани он кофист. Феълан бо ин роҳ γ-глобулин ҳосил карда мешавад. Дар γ-глобулин подтанҳои гуногун бисёр буда, онҳо нисбат ба микробҳои касалиовар масуният ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин, γ-глобулинро дар тиб барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ истифода мебаранд. Фибриноген омили муҳимми лахташавии хун аст. Дар плазмаи хун ғайр аз глобулин албуминҳо низ мавҷуданд. Таносуби албумин/глобулин барои ташхис муҳим аст; аз рӯи меъёр он баробари 2 буда, ҳангоми бемориҳои илтиҳобӣ кам мешавад. Бисёр глобулинҳоро аз маҳлули намак дар шакли кристалл ҳосил мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Глобулин // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.