Jump to content

Глюкоза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Глюкоза
Общие
Хим. формула C₆H₁₂O₆
Таснифот
Рег. номер CAS 50-99-7
Рег. номер EINECS 200-075-1
RTECS LZ6600000
ChEBI 17234
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Глюкоза (юн. γλυκός — ширин), қанди ангур, декстроза, C6H12O6 — як навъ карбогидрид.

Мансуби моносахаридҳост. Глюкоза дар таркиби андомгони одаму ҳайвонот, мева, реша ва баргу гули рустаниҳо мавҷуд аст. Хусусан шарбати ангур ва меваҳои расида глюкоза-и бисёр доранд. Глюкоза маҳсули асосии мубодилаи моддаҳо буда, ҳуҷайраҳои зиндаро бо неру (энергия) таъмин месозад. Дар таркиби хуни одам тақр. 100, гӯсфанду хук 70, буз 80, саг 110 ва асп 50 мг% глюкоза мавҷуд аст. Рустаниҳо ва баъзе бактерияҳо глюкоза-ро аз унсурҳои ғайриорганикӣ ҳосил мекунанд. Глюкоза дар саноат бо роҳи гидролизи крахмал ба даст оварда мешавад. Миқдори глюкоза-и хунро ҳормонҳои инсулин, глюкагон, адреналин, глюкокортикоидҳо, тироксин ва трийодтиронин, инчунин ҳормони ҳиссаи пеши гипофиз ба низом медарорад. Дар таркиби хун аз меъёр зиёд будани глюкоза-ро гипергликемия ва кам шудани онро гипогликемия меноманд. Ба тавассути пешоб бисёр хориҷ шудани глюкоза гликозурия ном дорад. Дар тиб ва байторӣ бо глюкоза бемориҳои дил, илтиҳоби шуш, касалиҳои ҷигар, камхунӣ ва заҳролудиро муолиҷа мекунанд. Глюкоза ҳангоми бордоркунии сунъӣ барои рақиқ (тунук) сохтани нутфа низ истифода мешавад. Дар тиб глюкоза-ро дар шакли хока ё ҳаб, инчунин чун маҳлули изотонӣ (4,5-5 %) ва гипертонӣ (10-40 %) истифода мебаранд. Маҳлули изотонии глюкоза ба зери пӯст ё ба рӯдаи рост (бо имола) фиристода мешавад. Он барои организм манбаи ғизои зудҳазм низ мебошад. Дар мавриди ба андомгон фиристодани маҳлулҳои гипертонӣ фишори осмосии хун баланд шуда, мубодилаи моддаҳо беҳтар, фаъолияти ҷигар ва мушакҳои дил пурзӯр мегардад, рагҳо васеъ ва ихроҷи пешоб зиёд мешавад.

  • Новошинский И. И, Новошинская Н. С. Органическая химия. М., 2006;
  • Габриелян О. С. Химия. М., 2009.