Jump to content

Глюкокортикоидҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Биосинтези глюкокортикоидҳо

Глюкокортикоидҳо — ҳормонҳои қишри ғадудҳои болои гурдаи одам ва ҳайвоноти муҳрадор.

Мансуби стероидҳо мебошанд. Дар атомҳои карбони 11-ум ва 17-уми глюкокортикоидҳо гурӯҳҳои — OH ва >C = O мавҷуданд. Глюкокортикоидҳо ҷудо шудани ҳормони адренокортикотропии ҳипофизро беҳтар менамояд. Ҳидрокортизон (кортизол) ва кортизон глюкокортикоидҳо -и асосӣ буда, ба мубодилаи карбогидрат, чарб ва сафеда таъсир мерасонанд. Глюкокортикоидҳо ба ҳосил гаштани глюкоза ва синтези гликоген дар ҷигар (глюконеогенез) мусоидат намуда, биосинтези кислотаҳои чарби калонмолекуларо суст мекунанд. Норасогии глюкокортикоидҳо муқобилияти андомгон (организм)-ро ба омилҳои номусоид заиф месозад. Глюкокортикоидҳо ҳангоми таъсири омилҳои номусоид (захм бардоштан, талаф додани хун, бемориҳои сироятӣ, стресс ва ғ.) зуд ҷудо мешаванд. Онҳо қобилияти нуфузпазирии мӯйрагҳоро суст намуда, инкишофи илтиҳоби аллергиро бозмедоранд. Глюкокортикоидҳо ва баъзе ҳамтоёни синтезии онҳо (преднизон, преднизолон, дексаметизон ва ғ.)-ро дар тиб барои муолиҷаи илтиҳоб ва бемориҳои аллергӣ истифода мебаранд, зеро онҳо синтези сафедаро суст намуда, таҷзияи онро метезонанд. Муддати зиёд истифода бурдани глюкокортикоидҳо тавсия дода намешавад, зеро дар организм мувозанати нитроген халалдор шуда, захму ҷароҳатҳо дер шифо меёбанд, рушду сабзиши кӯдакон ба таъхир меафтад. Баъзе глюкокортикоидҳо ва ҳосилаҳои синтезии онҳо хосияти минералокортикоидӣ дошта, боиси дар бофтаҳо ғун шудани натрий ва ҳипокалиемия мегарданд.