Jump to content

Гнесинҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аз чап ба рост:
Олга, Елена, Евгения, Мария, Елизавета Гнесинҳо

Гнесинҳо (русӣ: Сёстры Гне́сины) — хонаводаи навозандагон ва омӯзгорони мусиқии рус; бунёдгузори мактабҳои педагогие, ки дар тамоми давраҳои фаъолияти хеш баробари рушди суннатҳои классикии миллӣ соҳибистеъдодони мусиқиро раҳнамоӣ кардааст.

Ин мактаби мусиқӣ (аз соли 1895), ки соли 1925 Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Гнесинҳо унвон гирифт, аз ҷониби Гнесина Елена Фабиановна (1874—1967) ва хоҳарони ӯ Марияву (1871—1918) Евгения (1870—1940) бо ширкати фаъолонаи хоҳарон Елизавета (1879—1953) ва Олга (1885—1963), бародарашон Михаил Гнесинҳо (1883—1957) ва писари Елизавета — Фабия Евгениевич Витачек (1910—1981) бунёдгузорӣ шудааст. Дар заминаи ин омӯзишгоҳ соли 1944 маҷмӯаи таълимие бино ёфт, ки Институти мусиқию педагогӣ (ҳоло Академияи мусиқии Русия) ба номи Гнесинҳо, Омӯзишгоҳи мусиқӣ (ҳоло коллеҷ)-и ба номи Гнесинҳо ва мактаби миёнаи махсуси мусиқии наврасони ба номи Гнесина Елена Фабиановна (хатмкардаи Консерваторияи Маскав; 1893)-ро дар бар мегирифт. Л. Оборин, А. Хачатурян ва дигарон аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Маҷмӯъаи таълимии ба номи Гнесинҳоро шогирдони он И. Архипова, О. Бошнякович, Е. Кисин, М. Росторопович, Д. Тухманов Т. Хренников, Б. Чайковский, А. Эшпай ва дигарон шуҳратёр карданд. Ҳунарпешагони маъруф Е. Симонова ва Ю. Рутберг, шоира В. Павлова аз ҷумлаи дастпарварони ин даргоҳ мебошанд.