Гнотобиотҳо
Гнотобиотҳо (аз юн. gnotos – муайян ва biotos – ҳаёт) - ҳайвоноте, ки дар андомгони онҳо ҳеч навъи микроб (аз ҷумла вирус ва макропаразитҳо) вуҷуд надорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи мавҷудияти ҳаёти бемикроб бори аввал соли 1885 Л. Пастер маълумот додааст. Пажӯҳишҳои нахустин доир ба таҳияи гнотобиотҳо мансуб ба интиҳои асри 19 мебошанд. Қатъи назар аз ин фақат солҳои 40 асри 20 ба мутахассисони амрикоӣ ва ҷопонӣ имкон даст дод, ки бо истифода аз парҳези тамйизӣ ва асбобҳои зарурӣ барои инкишофу афзоиши ҷонварони бемикроб шароити мувофиқи сунъӣ муҳайё созанд. Корбасти гнотобиотҳо (хукчаи обӣ, муш, харгӯш, хукбачаҳо, гӯсола, гӯсфанд ва ғ.) дар соҳаҳои гуногуни илм (иммунология, бактериология, вирусология, паразитология, биологияи таҷрибавӣ ва тиб) солҳои 60 асри 20 ба ташаккули гнотобиология мусоидат намуд. Солҳои 30 асри 20 дар Амрико, Ҷопон, Шветсия, баъдан дар Британияи Кабир, Фаронса, Нидерландия, Олмон, Лаҳистон, Маҷористон ва Русия лабораторияҳои гнотобиологӣ бунёд гардиданд. Гнотобиотҳои насли аввалро бо усули аз бачадон ба таври тамйизӣ бадар овардани ҷанини ҳайвонот ё хобондани тухми тамйизии ҳашароту парандаҳо мерӯёнанд ва минбаъд онҳоро дар парваришгоҳҳои махсус нигоҳ медоранд. Гнотобиотҳо аз ҳайвоноти дигар (ҷонварони микрофлораашон муқаррарӣ) бо фаъолияти баъзе узву бофтаҳо, хосса он узвҳое, ки дар шароити табиӣ бо микрофлора тамоси бевосита доранд, фарқ менамоянд. Огоҳӣ аз хусусиятҳои гнотобиотҳо барои таҳқиқи тарзи ташаккули масуният (иммунитет), таъсири микроб (паразит) ба андомгони ҳомил, физиологияи ҳозима (гувориш) ва бемориҳои сироятӣ муҳим аст. Омӯзиши гнотобиотҳо собит намуд, ки ҳайвонот метавонанд фақат ҳангоми дар андомгонашон мавҷуд будани микрофлораи муқаррарӣ ҳаёти мувофиқу созгор дошта бошанд. Усулҳои гнотобиологиро дар тиб, микробиология, иммунология, вирусология, паразитология, инчунин дар истеҳсоли зардобҳои ташхисӣ ва санҷиши доруҳо истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чехова О. В. Гнотобиология. М., 1972;
- Биологический энциклопедический словарь. М., 1986;
- Фирсов Н. Н. Микробиология: словарь терминов. М., 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гнотобиотҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.