Jump to content

Говдум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Говдум
Намои умумии рустании шукуфта
Намои умумии рустании шукуфта
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Verbascum thapsus L., 1753

Говдум, говдума, говзаҳра, бусир (лот. Verbáscum thápsus) як навъ рустании дусола. Пояаш рост (то 30-180 см қад мекашад), сербарг, баргҳояш калони дарозрӯя, каме хамида. Баргҳои назди решааш дарозрӯяи яклухт, баргҳои мобайнӣ — байзашакл, баргҳои назди гул — дарозрӯяи нӯгтез. Гулаш зард, дар хӯшагули сараки поя ҷойгир аст. Ғӯзааш байзашакл, тухмаш майдаи бӯртоб. Июн — август гулу мева мекунад. Дар ҷойҳои камнам, нишебиҳои санглох, баъзан дар ҳамвориҳо, атрофи чашмаҳо месабзад. Г. дар Авруосиё, Австралия, Зеландияи Нав, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Қафқоз, Сибири Шарқӣ, Осиёи Марказӣ паҳн гардидааст. Дар мавзеъҳои Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 1700—2900 м аз с. б.) вомехӯрад. Дар таркиби гули Г. алкалоидҳо (0,26 %), моддаҳои луобӣ (2,5 %), сапонинҳо, қанд (11 %), маводди зарди рангбахш, равғани эфир ва ғ. мавҷуданд. Г. гиёҳи доруист. Табибони мардумӣ гулчойи онро чун давои исҳоловар, балғамрон, пешоброн ва рафъи илтиҳоб тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби баргҳои поинии он ҳангоми назлаи меъда, рӯда, бемориҳои ҷигар, сипурз (испурч), тарбод, зиқи нафас, нафастангӣ, сили шуш ва ғ. нафъ дорад. Дар тибби муосир гулу барги Г. дар мавриди сурфа ва бемориҳои шушу меъда истифода мешавад (15-20 г-и онро дар як истакон оби ҷӯш тар карда, рӯзе 1-2-чумчаӣ 3-4 бор менӯшанд). Нақуи гули он (2 қошуқ гули резакардаро дар як истакон оби ҷӯш андохта, дар давоми рӯз менӯшанд; кӯдакон ин миқдорро бояд дар 2 рӯз истеъмол намоянд) низ давои хубест. Барои табобати сурфаи кӯдакон аз гулҳои Г. ва решаи гули хайрӣ даво таҳия месозанд. Бо ин мақсад ба як истакон оби ҷӯш кӯфтаи ин гиёҳҳоро андохта, 200 г шакар илова мекунанд ва то ғафс шуданаш рӯи оташи паст меҷӯшонанд; сипас онро полонда рӯзе якчумчагӣ 4-6 бор меошоманд.

  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
  • Турищев С. Н. Рациональная фитотерапия. М., 2000.