Говзанбӯр
Говзанбӯр | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Bombus Latreille, 1802 | ||||||||||
Мутародифот | ||||||||||
|
||||||||||
Зерҷинсҳо | ||||||||||
Ареал | ||||||||||
|
Говзанбӯр (лот. Bombus), харзанбӯр (форсӣ: خرزنبوریان) — сардае ҳашараи пардабол аз тираи занбурҳои Apidae ҳастанд.
Дарозии модинааш 13–28 мм, наринааш 7–24 мм; баданаш бо мӯякҳои зич пӯшида шудааст. Рангаш ало (сиёҳу сафед, зардча ва ғ.). Қариб 300 навъ дошта, дар Авруосиё, Амрикои Шимолӣ, Африқои Шимолӣ дучор меояд. Дар водиҳо ва кӯҳсори Тоҷикистон ду навъи говзанбӯр (B. lucorum ва B. leucurus) маскун аст. Говзанбӯрҳо ба сармо хуб тоб меоранд. Онҳо мушакҳои сарсинаашонро зуд-зуд кашиш дода, баданашонро гарм (то 40°С) мекунанд. Бинобар ин, говзанбӯрҳо субҳи зуд, ки ҳаво сард аст, ба парвоз медароянд ва ғизо ҷамъ меоваранд. Баъзе говзанбӯрҳо ангали ҳашароти дигар мебошанд. Говзанбӯрҳо дар рӯи замин, зери хок, лонаҳои партови хояндагон ва зери бомгӯшаҳо аз алаф, мӯй, шохча ва ғ. лона сохта, гурӯҳ-гурӯҳ (100–200, баъзан 1000-то) зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз баҳор то тирамоҳ умр дида, баъд ғайр аз говзанбӯрҳои модинаи насли нав ҳамаашон мемиранд. Занбӯрҳои модина баҳор лона сохта, оилаи нав бунёд менамоянд. Дар соқи пойҳои қафои говзанбӯри модина «сабадча» мавҷуд аст, ки дар он гарди гул ҷамъ мекунад. Говзанбӯр низ мисли занбӯри асал заҳр дорад, вале ҳангоми одамро газидан неши ӯ дар пӯст боқӣ намемонад. Говзанбӯрҳо барои гардолуд кардани юнучқа, себарга ва дигар рустаниҳо аҳаммияти бузург доранд. Говзанбӯр ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Попов В. В. Пчелиные//Ущелье Кондара. М. – Л., 1971;
- Биологический энциклопедический словарь. М., 1986;
- Прощалыкин М. Ю., Купянская А. Н. Пчёлы семейства Apidae (Hymenoptera Apoidea), Забайкалья, 2009.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Говзанбӯр // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.