Говзира

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Говзира
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Bunium chaerophylloides

Говзира (лот. Bunium chaerophylloides) — навъе аз гиёҳҳои худрӯй ва хушбуйи бисёрсола.

Соқааш дароз (то 70 см), баргаш паршакл, хӯшагулаш чатрнамо (чатраш 9-24 ва чатракаш 18-30 поя дорад). Косагулаш актиноморфӣ, аз 5 гулбарга иборат аст. Моҳҳои апрел — май гул карда, тухм мебандад. Говзира дар Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой мерӯяд. Дар Тоҷикистон асосан дар бешазори дарахтони паҳнбарг, нимсаванна ва арчазорҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Қурама, Тоҷикистони Ҷанубӣ вомехӯрад. Дар таркиби говзира моносахароза (0,94 %), сахароза (3,20 %), қанд (4,31 %), гимиселлюлоза (9,5 %), клетчатка (20,38 %), протеин (8,81 %), сафеда (7,62 %), каротин (2,61 %) ва ғ мавҷуданд. Тухм ва лундарешаи говзира хосияти шифоӣ дорад. Табибони халқӣ бо он дарди санги гурда, роҳҳои пешоб, песӣ ва захми даҳонро муолиҷа мекунанд. Чун зира миёни мардум маъмул аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тахтаджян Л., Федоров А. Жизнь растений. М., 1974.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]