Говизана
Говизана (форсӣ: گاویزنه) — тарона ва оҳанги қадимии мавсимию маросимии форс-тоҷик, ки Борбад ба муносибати маросиму тантанаҳои Хусрави Парвиз (590—628) тасниф кардааст.
Говизана ба маҷмӯи 360 таронаву оҳанги Борбад ворид шуда, ба шохаи дуввуми «Хусравонӣ»-и ӯ мансуб аст. Говизана ҳамчун тарона дар адабиёти бадеии асрҳои 11-13 (Фирдавсӣ, Асҷадӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон) ёдоварӣ мешавад.
Говизана, яке аз гӯшаҳои тараннумии мақоми «Ироқ»-и «Дувоздаҳмақом» (асрҳои 12-13). Бино ба маълумоти «Мақолиду-л-улум»-и Мирсайидалии Ҷурҷонӣ Говизана дар асрҳои 12-13 амал доштааст. Дар сарчашмаҳои хаттии минбаъда Говизана ба сифати қисмати таркиботи мақомҳо ёдрас нашуда бошад ҳам, дар фарҳангу намунаҳои ашъори классикии адабиёти форс-тоҷик ба таснифоти қадимии мусиқӣ мансуб дониста мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
- فرهنگ آنندراج. کلکته٬ ١۸۸٧؛ برهان قاطع. نول کشور٬ ١۸۸۹؛
- رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگی ١۸۹٧؛
- محمد علئ امام ششتری. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١۳۴۶ هـ. ش.؛
- نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١۳٧۶هـ. ش.؛
- مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین. جلد 1. تهران، ١۳۸١هـ. ش.ر.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Говизана / А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.