Jump to content

Гови бӯри карпатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гови бӯри карпатӣ
Кишвари созанда
Баландӣ 128 сантиметр[1]

Гови бӯри карпатӣ (укр. Бура карпатська порода) — зоти ширу гӯштдеҳ.

Дар натиҷаи ҷуфтӣ кардани говҳои маҳаллии карпатӣ бо буққаҳои зоти говҳои горноинӣ, монтафонӣ ва швитсӣ ба вуҷуд овардаанд. Рангаш хокистарӣ. Хатти сафеди миён ва ҳалқаи атрофи бинӣ гови бӯри карпатиро ба зоти гови швитсӣ шабеҳ месозад. Вазни модаговаш — 450, буққааш — 700—800 кг. Аз модаговаш соле 3710 кг шир (равғаннокиаш 3,7 %) медӯшанд. Асосан дар хоҷагиҳои Закарпатия ва Ивано-Франковски Украина парвариш мекунанд.

  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.
  • Гови бӯри карпатӣ / Т. Рӯзиев, Ф. Икромов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.