Гови костромавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гови костромавӣ
Кишвари созанда

Гови костромавӣ — зоти ширу гӯштдеҳ. Дар совхози «Караваево» ва колхозҳои навоҳии Кострома ва Нерехтски вилояти Костромаи Федератсияи Русия дар натиҷаи ҷуфтӣ кардани говҳои маҳаллӣ ва ярославӣ бо буққаҳои зоти швитсӣ ба вуҷуд овардаанд. Чунин зот соли 1945 тасдиқ шудааст. Яке аз пурмаҳсултарин говҳои ширу гӯштдеҳ аст. Рангаш хокистарии паст, бештар хокистарии баланд. Вазни зиндаи модаговаш 549 (баъзеаш то 800), буққааш 850—900 (баъзеаш то 1200) кг. Аз модаговаш соле 4432 кг шир (равғаннокиаш 3,9 %) медӯшанд. Баъзе модаговҳои костромавӣ то 1200 кг шир додаанд. Миқдори гӯшти холиси он 61-64 дарсадро ташкил медиҳад. Дар шароити мусоид дар як шаборӯз то 1300 г фарбеҳ мешавад. Асосан дар Русия ва Белоруссия мепарваранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980.
  • Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гови костромавӣ / Т. Рӯзиев, Ф. Икромов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.