Гови сиёҳало
Кишвари созанда |
---|
Гови сиёҳало — навъи гове, ки дар Ҳолланд ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар заминаи он дар бисёр мамлакатҳо зоти маҳаллии гови алоро ба вуҷуд овардаанд. Саршумори гови сиёҳало ба туфайли серширӣ, хушсифатии гӯшт ва зуд ба шароити нав мутобиқ гаштан дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Саршумори гови сиёҳало дар ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ хеле зиёд буд. Гови сиёҳало дар Тоҷикистон низ парвариш карда мешавад. Онро ба ҷумҳурӣ соли 1956 аз Маскав, Ленинград, Калининград, инчунин Эстония, Литва ва Белоруссия оварда буданд. Гови сиёҳало то соли 1979 фақат дар хоҷагиҳои вилояти Суғд (ғайр аз навоҳии Айнӣ ва Панҷакент) парвариш меёфт. Аз соли 1979 онро дар дигар навоҳии ин вилоят, ҳамчунин дар ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Файзобод ва Ҳисор мепарваранд. Дар Тоҷикистон саршумори гови сиёҳало бо роҳи ҷуфткунонӣ зиёд карда шудааст. Вазни гӯсолаҳои навзоди гови сиёҳало 32-40, модаговҳо 850—1100 кг аст. Аз ҳар сар модагови он 3700-4500 кг шир медӯшанд. Дар хоҷагиҳои «Лесное»-и вилояти Ленинград ва «Петровский»-и вилояти Маскав 5000-6000 кг шир дӯшидаанд. Олимони ҷумҳурӣ бо роҳи дурагакунонӣ навъ (тип)-и нави гови сиёҳало — гови сиёҳалои тоҷикиро ба вуҷуд овардаанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
- Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
- Арзуманян Е. А. Скотоводство. М., 1980;
- Аҳмадалиев Н. Сершир кардани модаговҳо дар иқлими гарм. Д., 1988;
- Аҳмадалиев Н. Основные этапы и итоги научных исследований по молочному скотоводству. Д., 2000;
- Арзуманян Е. А. Животноводство. М., 2007..
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гови сиёҳало / Н. Аҳмадалиев, Т. Рӯзиев,Т. Иргашев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.